Мулоқоти муовини нахуствазири Қирғизистон бо сафири Тоҷикистон



Чанде қабл зимни мулоқоти муовини нахуствазири Қирғизистон Элвира Сариева бо сафири Тоҷикистон дар Қирғизистон Олим Раҳимов масъалаҳои ҳамкориҳои фарҳангиву гуманитарӣ ва ҳамчунин ҷараёни амалисозии лоиҳаҳои иҷтимоии муштараки сатҳи минтақавӣ баррасӣ шуданд.

Бино ба иттилои намояндагии дипломатии Душанбе дар Бишкек, дар ҷараёни вохӯрӣ Э.Сариева зикр кардааст, ки Қирғизистон ба муносибатҳои эҳтироми байниҳамдигарӣ ва дӯстона миёни кишварҳои ҳамсоя, ки барои рушди минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷониба асоси боэътимод мебошанд, арҷ мегузорад.

«Имрӯз Қирғизистон пайдарҳам иқдомоти таҳкими ҳамкориҳои фарҳангиву гуманитарӣ миёни мардуми қиргизу тоҷикро амалӣ месозад. Мо ба рушди минбаъдаи муносибатҳои неки ҳамҷаворӣ ва таҳкими робитаҳои дуҷониба манфиатдорем», – гуфтааст Сариева.

Дар навбати худ Олим Раҳимов қайд кардааст, ки Тоҷикистон минбаъд низ ба рушди робитаҳо бо Қирғизистон танҳо бар асоси муноисбатҳои дӯстонаву эҳтироми байниҳамдигарӣ, эътимоди тарафайн ва ҳамкории пурсамар манфиатдор аст.

Гуфта мешавад, зимни мулоқот ҷонибҳо оид ба муноқишаи рӯзи 7-уми май рухдода дар марзи давлатии кишварҳо ибрози андеша кардаанд. «Ҳама гуна масоил сарфи назар аз шаклу хусусият ва душвории онҳо, бояд дар рӯҳияи мунсоибатҳои анъанавии дӯстона миёни мардуми кишварҳои баррасӣ ва ҳаллу фасл шаванд», – иброз доштааст муовини нахуствазири кишвари ҳамсоя.

Зимнан зикр мегардад, ки дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо ҷиҳати минбаъд тақвият бахшидани иқдомот баҳри рушди ҳамкориҳои фарҳангиву гуманитарӣ миёни кишварҳо ба мувофиқа расиданд.

spot_imgspot_img

Популярное