Сарбозон ва афсарони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ (КҲФ ва МГ)-и назди ҳукумати Тоҷикистон аз имрӯз ба реҷаи пурзӯри адои хизмат гузаронида шуданд.
Тавре ба «Азия-Плюс» сухангӯи КҲФ ва МГ-и ҷумҳурӣ Ориф Нозимов хабар дод, хадамоти обуҳавошиносии ҷумҳурӣ аз боронҳои сел дар аксари ноҳияҳои Тоҷикистон рӯзи 22-май огоҳӣ медиҳад.
«КҲФ ва МГ Тоҷикистон аз шаҳрвандон ва меҳмонони Тоҷикистон дархост мекунад, ки аз шикор рафтан ва сафарҳо тариқи роҳҳои ағба худдорӣ кунанд», – гуфт ӯ.



