Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, обуҳаво



Анонс



– Эмомалӣ Раҳмон бо сафари серӯзаи расмӣ ба Белорус меравад;

– Соати 5-и субҳ роҳпаймоии ҷавонон бо парчамҳои Тоҷикистон ба самти майдони «Дӯстӣ»-и пойтахт оғоз мегардад. Дар майдон 1 ҳазор нафар ҷавонон бо тарзи зинда таҳти мусиқии оркестр Суруди миллии Тоҷикистонро месароянд.

– Дар сафоратхонаи Озарбойҷон дар Душанбе бахшида ба Рӯзи Ҷумҳурии Озарбойҷон (28-уми май) нишасти хабарӣ доир мегардад. Оғоз соати 10-30 бо суроғаи кӯч. Зафар Нозимов, 18 (водонасос);

– Ба 52 нафар шунавандагони курсҳои такмили ихтисоси назди ҲХДТ аз ҳисоби ҷавонони донишҷӯ ва зиёиён дипломҳо супурда мешаванд;

– Дар Душанбе аз рӯи модели СММ (МСММ) дар мавзӯи «Аҳамияти шуғли ҷавонон дар устувории иҷтимоии кишвар» конфронси нахустин баргузор мешавад;



Қ


урби


асъор

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:


1

доллари ИМА – 

4.8960

сомонӣ;


1

евро –

6.9356

сомонӣ;


1

рубли русӣ

– 0.14


35

сомонӣ.  



Як р


ӯ


зи таърих



Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон


2008

— Дар Душанбе дар доираи барномаи Институти «Ҷамъияти Кушода» – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон Академияи шабакавии CISCO ифтитоҳ гардид.


2009

— Президенти Хорватия Степан Месич бо сафари нахустини расмӣ ба Тоҷикистон ташриф овард. Миёни Тоҷикиситону Хорватия се санади ҳамкорӣ ба имзо расид.


1897

— Зодрӯзи Охунҷон Яъқубов, рассом, дорандаи Ҷоизаи ба номи Абӯабудллоҳи Рӯдакӣ.


1915-1996

— Мавлуди Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Раъно Ғолибова.


1924

— Зодрӯзи профессор Содир Форсихонов.


1937-1997

– Мавлуди олим-биолог Алиқул Тӯраев.


1939




Зодрӯзи


нависанда ва журналист Валерий Талвик.


1940

– Мавлуди нависанда ва журналист Бахтиёр Муртазоев.


1946

– Зодрӯзи олим Абдуҷаббор Сатторов.


1951

– Мавлуди академик Алишер Абдуллоев.


1951

– Зодрӯзи олим-иқтисодчӣ, дипломат Шӯҳрат Султонов.



Вазъи обу


ҳ


аво


Дар вилояти Хатлон

—  Обуҳавои тағйирёбанда, аксаран бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +15+20, рӯзона +29+34, дар доманакӯҳҳо шабона +9+14, рӯзона +20+25.


Дар вилояти Суғд

— Обуҳавои тағйирёбанда, аксаран бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +9+14, рӯзона +27+32, дар доманакӯҳҳо шабона +1+6, рӯзона +11+16.


Дар Ноҳияҳои тобеи марказ

  — Обуҳавои тағйирёбанда, аксаран бидуни боришот.       

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +9+14, рӯзона +24+29, дар доманакӯҳҳо шабона +4+9, рӯзона +17+22.


Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

— Обуҳавои тағйирёбанда, аксаран бидуни боришот.      

Ҳарорат: дар ғарби ВМКБ шабона +3+8, рӯзона +15+20;  дар шарқи вилоят шабона 0-5, рӯзона +7+12.


Дар шаҳри Душанбе

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.  

Ҳарорат: шабона +9+11, рӯзона +27+29.


Дар шаҳри Хуҷанд

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас. 

Ҳарорат: шабона +11+13, рӯзона +29+31.


Дар шаҳри Қӯрғонтеппа

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.

Ҳарорат: шабона +13+15, рӯзона +30+32.


Дар шаҳри Хоруғ

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.   

Ҳарорат: шабона +3+5, рӯзона +17+19.

spot_imgspot_img

Популярное