Раҳмон раиси палатаи поёнии парлумони Покистонро ба ҳузур пазируфт



Нимаи дуюми рӯзи 26-уми майи соли равон Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Раиси Ассамблеяи миллии парлумонии Ҷумҳурии Исломии Покистон Сардор Айёс Содиқро ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар мулоқот масоили вобаста ба муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории гуногунпаҳлӯи Тоҷикистону Покистон баррасӣ шуда, ба густариши робитаҳо миёни парлумонҳо, ҳукуматҳо, доираҳои соҳибкорӣ ва мардумони ду кишвар таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид.

Таъкид гардид, ки парлумонҳо рафти татбиқи амалии санадҳои сершумори миёни ду кишвар имзошударо низ, аз ҷумла доир ба тадбиқи лоиаҳо дар соҳаҳои энергетика, нақлиёт, роҳсозӣ, тиҷорат, сармоягузорӣ ва ғайра бояд пайваста назорат намоянд.

Гуфтугӯйи судманд, ҳамчунин доир ба авзои кунунии Афғонистон,  минтақа ва ҷаҳон ва ҳамгироии Тоҷикистону Покистон дар мубориза бо терроризму экстремизм ва хатарҳои дигари ҷаҳони муосир сурат гирифт.

spot_imgspot_img

Популярное