Оғози мурофиаи судӣ оид ба қазияи лату кӯби сарбоз Шаҳбол Мирзоев



Суди гарнизони ҳарбии шаҳри Душанбе рӯзи 2-юми июн баррасии парванда нисбат ба хизматчии низомии нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон Усмон Ғайратовро, ки ба лату кӯби бераҳмонаи ҳамхизматаш Шаҳбол Мирзоев гумонбар дониста мешавад, оғоз кард.

Тавре ба «Азия-Плюс» Абдураҳмон Шарифов, адвокати Шаҳбол Мирзоев хабар дод, Усмон Ғайратов ба баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ ва риоя накардани қоидаҳои оинномавии муносибатҳои байниҳамдигарии хизматчиёни  ҳарбӣ айбдор карда мешавад. Ҳамроҳи ӯ фелдшери қисми низомии тиббии воқеъ дар ноҳияи Рӯдакӣ Гулрафтор Ширинова низ ба ҷавобгарӣ кашида шуда, ӯ ба хунукназарӣ айбдор мешавад.

«Имрӯз ҳуқуқҳои иштирокчиёни ҷаласаи судӣ шарҳ дода шуда, айбномаи пешниҳодшуда қироат карда шуд. Мо пешниҳод намудем, ки парванда бидуни ҳузури Шаҳбол Мирзоев дар мурофиа баррасӣ шавад, зеро сарбоз дар ҳолати вазнин қарор дошта, дар мурофиаи судӣ иштирок карда наметавонад. Ҷаласаи навбатии судӣ оид ба баррасии ин парванда санаи 9-уми июн доир мегардад», – гуфт адвокат.

Ёдрас мекунем, ки нимаи дуюми моҳи май

пас аз ҷарроҳӣ

дар яке аз дармонгоҳҳои вилояти Маскав сарбоз Шаҳбол Мирзоев аз бемористон рухсатӣ ва ба Тоҷикистон оварда шуд.

Аввали моҳи март сарбоз ва ҳамзамон фелдшери гарнизони ҳарбии 2026-и ноҳияи Рӯдакӣ Усмон Ғайратов сарбоз Шаҳбол Мирзоеви 23-соларо лату кӯб карда, гардани ӯро шикаст. Прокуратураи ҳарбӣ нисбати Усмон Ғайратов мутобиқи моддаи 373 КҶ ҶТ (Вайрон  кардани қоидаҳои оинномавии муносибатҳои байниҳамдигарии хизматчиёни  ҳарбӣ  дар  ҳолати   набудани тобеияти хизматӣ дар байни онҳо) парвандаи ҷиноӣ боз намуд.

Дар дармонгоҳи Русия оилаи Мирзоевҳо дар маҷмӯъ ҳудуди 700 ҳазор рубли русӣ (беш аз 20 ҳазор $) – маблағи фурӯши манзили зист дар Аштро хароҷот кард. 

spot_imgspot_img

Популярное