Маълумоти хешутаборчигӣ баҳри ошкор кардани ҳуқуқвайронкуниҳои ба коррупсия алоқаманд ва гузаронидани корҳои профилактикӣ дар самти пешгирии коррупсия дар соҳаи маориф дар Мактаби ибтидоии шабонарӯзии таҳсилоти махсуси барои кӯдакони нобино ва сустбини Раёсати маорифи ш.Душанбе вохӯрӣ ва санҷиш гузаронида шуд.
Бино ба иттилои сомонаи расмии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо корррупсия, зимни санҷиш муайян карда шуд, ки роҳбари муассиса Шоев Ғоиб бо фармони худ Мирзоев Салимҷон Ҳамдамовичро (домодашро) 1-воҳиди корӣ ба вазифаи ҷонишини Директор оид ба корҳои хоҷагӣ, инчунин боз 1-воҳиди кории дигар ба вазифаи Мудири анбор таъин намудааст, ки аз рӯи вазифаи ишғолнамуда, бевосита дар итоат, таҳти назорат ва ҳисоботдиҳанда ба роҳбар буда, таҳсилот ва ихтисоси зарурӣ надорад, яъне маълумоташ миёнаи нопурра (то синфи 9).
Ба иттилои манбаъ, ба ҳамин монанд ҳуқуқвайронкуниҳои дигар низ ҷой доштаанд, ки Шоев Ғ. аз мансаби худ истифода намуда, барои вазифаҳои муайян хешовандони наздики худро (фарзандон, ҳамсар, хоҳар, домоду келин) таъин намудааст.
«Мансабҳои зикргардида гарчанде ба роҳбари муассиса ҳамчун ҳисоботдиҳанда ба шумор нараванд ҳам, бевосита ҳолатҳои дағалона вайрон гардидани бандҳои 7 ва 8 моддаи 4-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия” (манъ будани иҷрои вазифаҳои давлатӣ дар ҳолати бархӯрди манфиатҳои шахсӣ ва давлатӣ, инчунин роҳ надодан ба хешутаборчигӣ, маҳалгароӣ ва пуштибонӣ ҳамчун зуҳуроти кирдорҳои коррупсионӣ) ва қонунгузории амалкунанда дар соҳаи маориф ва меҳнат гардидааст», – омадааст дар иттилои Агентӣ.
Гуфта мешавад, оиди бартараф намудани қонуншиканиҳои ошкоргардида, аз ҷумла 11-ҳолати хешутаборчигӣ ба Раёсати маорифи шаҳри Душанбе барои иҷроиш ва барои назорат ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешниҳод оид ба бартараф намудани сабаб ва шароитҳои ба содир намудани ҳуқуқвайронкуниҳои хусусияти коррупсионидошта мусоидаткунанда ирсол карда шуд.
«Аз натиҷаи баррасии пешниҳоди Агентӣ дар маҷлиси васеи Раёсати маорифи шаҳри Душанбе бо иштироки кормандони масъули Раёсати пешгирии коррупсияи Агентӣ ҳуқуқвайронкуниҳо мавриди муҳокима қарор дода шуда, нисбати Шоев Ғоиб ва хешу табори наздики ӯ чораҳои мушаххас андешида шуд. Аз ҷумла, Шоев Ғоиб дар асоси пешниҳоди Агентӣ тибқи моддаи 46 банди 13 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон (Бекор кардани шартномаи меҳнатӣ бо ташаббуси корфармо бинобар вайрон намудани тартиб ва қоидаҳои муқаррарнамудаи қонунгузории ҷумҳурӣ ҳангоми қабул ба кор) аз вазифаи Директори Мактаби ибтидоии шабонарӯзии таҳсилоти махсуси барои кӯдакони нобино ва сустбин озод карда шуд», – хабар медиҳад Агентӣ.
Зимнан зикр мегардад, ки ҳамзамон, хоҳаронаш -Қурбонова С., Қурбонова Ф., домодҳояш – Раҷабов Б., Мирзоев С., писараш – Шоев Х., келинаш – Ҳақбердиева Г. ва ҳамсараш – Назриева Р. низ аз вазифа озод карда шуданд.



