Анонс
– 9-11 июн
сафари расмии президенти Латвия Андрис Берзиньш ба Тоҷикистон сурат мегирад;
– 9 июн
дар суди гарнизони шаҳри Душанбе (кӯч. Н.Қаробоев, 1, рӯ ба рӯи бинои Сирк) ҷаласаи навбатӣ оид ба баррасии парвандаи сарбози латукӯбшуда Шаҳбол Мирзоев баргузор мешавад. Оғоз соати 10-00;
–
9-12 июн
дар Маркази тадқиқоти стратегӣ, (ошёнаи дуюм) барои табибони рӯҳшинос, мутахассисони Маркази ҷумҳуриявии ташхиси судии тиббӣ, судяҳо, кормандони додситонӣ ва адвокатҳои ҷумҳурӣ аз рӯи меъёрҳои Протоколи Истанбул омӯзиш гузаронида мешавад.
Қ
урби
асъор
Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:
1
доллари ИМА –
4.8950
сомонӣ;
1
евро –
6.6731
сомонӣ;
1
рубли русӣ
– 0.1414
сомонӣ.
Як р
ӯ
зи таърих
Рӯзи байнулмилалии почта.
1959
– Голи 10 ҳазоруми Чемпионатҳои ИҶШС вориди дарвоза шуд.
2004
– Дар гуфтушуниди президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раиси Раёсати ҶСР «ЕЭС России» А.Чубайс эълон шуд, ки ҶСР «ЕЭС» нияти ба консорсиуми сохтмони нерӯгоҳӣ обӣ-барқии «Сангтӯда» ворид шуданро дорад.
1906-1990
– Зодрӯзи Ҳофизи халқии Тоҷикистон Ҷӯрабой Бобоев.
1950
– Мавлуди нависанда Акбар Абдулло.
1963
– Зодрӯзи овозхон Сангалӣ Мирзоев.
Вазъи обу
ҳ
аво
Дар вилояти Хатлон
— Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ,
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +16+21, рӯзона +28+33, дар доманакӯҳҳо шабона +10+15, рӯзона +21+26.
Дар вилояти Суғд
— Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ ва жола.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +13+18, рӯзона +27+32, дар доманакӯҳҳо шабона +7+12, рӯзона +14+19.
Дар Ноҳияҳои тобеи марказ
— Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ ва жола.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +12+17, рӯзона +24+29, дар доманакӯҳҳо шабона +6+11, рӯзона +15+20.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон
— Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борони кӯтоҳмуддат меборад.
Ҳарорат: дар ғарби ВМКБ шабона +6+11, рӯзона +15+20; дар шарқи вилоят шабона -3+2, рӯзона +8+13.
Дар шаҳри Душанбе
— Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ ва жола.
Ҳарорат: шабона +14+16, рӯзона +26+28.
Дар шаҳри Хуҷанд
— Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ.
Ҳарорат: шабона +15+17, рӯзона +30+32.
Дар шаҳри Қӯрғонтеппа
— Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ.
Ҳарорат: шабона +16+18, рӯзона +28+30.
Дар шаҳри Хоруғ
— Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат.
Ҳарорат: шабона +7+9, рӯзона +17+19.



