Омодагии ширкатҳои Беларус ба таҳвили ҳарчи бештар техникаи кишоварзӣ ба Тоҷикистон



Зимни боздиди ҳайати Тоҷикистон аз намоишгоҳи ҳамасолаи байнулмилалии «Белагро-2014» дар Белорус ширкатҳои ин кишвар, ки ба лизинги техникаи кишоварзӣ машғуланд, ба баррасии масъалаи афзоиши таҳвили агротехника ба Тоҷикистон изҳори омодагӣ карданд.

Тавре ба «Азия-Плюс» аз Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, ширкатҳое чун «Промагролизинг», БобруйскАгроМаш» ва «Агротехсервис» ба таъмини Тоҷикистон бо агротехника ва қисмҳои эҳтиётӣ ба он дар асоси созишномахои лизингӣ омодагӣ изҳор намуда, намояндагони ширкати «БобруйскАгроМаш» зикр кардаанд, ки ният доранд натанҳо интиқоли техникро таъмин созанд, балки барои тайёр кардани қисмҳои эҳтиётӣ ба он корхонаи хурд таъсис диҳанд.

Қобили зикр аст, ки корхонаҳое чун «Минский тракторный завод» ва «БобрускАгроМаш» ният доранд, ки дар Тоҷикистон корхонаҳои истеҳсоли техникаи кишоварзӣ ва қисмҳои эҳтиётӣ ба он бунёд кунанд.

Филиали корхонаи «Минский тракторный завод» дар минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» бунёд гардида, иҷрокунандаи лоиҳа аз ҷониби Тоҷикистон – корхонаи нассоҷӣ (Тоҷиктекстилмаш) мебошад. Мушкили асосӣ дар амалисозии ин лоиҳа дарёфти сармоягузор аст. Ҳаҷми маблағгузорӣ бояд ҳудуди 15 млн. доллари ИМА-ро ташкил диҳад. Дар марҳилаи аввал иқтидори ин корхона истеҳсоли 250 адад трактор дар як сол ва минбаъд бо тақвияти иқтидор истеҳсоли то 1,5 ҳазор адад трактор дар як солро ташкил хоҳад дод.

Лоиҳаи дигаре бо нақшаи тиҷоратии таҳиягардида аз ҷониби корхонаи «БобруйскАгроМаш» оид ба бунёди корхонаи истеҳсолу таъмири техникаи кишоварзӣ дар ноҳияи Ҳисор низ мавҷуд аст, ки ҳаҷми маблағгузориаш ба 5 млн. доллари ИМА баробар аст. 

Бино ба маълумоти Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҶТ, ҳамасола Тоҷикистон ба харидории на камтар аз 800 адад техникаи кишоварзӣ ниёз дорад ва айни замон 30-40%-и парки техникаи кишоварзии ҷумҳурӣ корношояму фарсуда аст.

Тибқи маълумоти Вазорати кишоварзии ҶТ, айни замон Тоҷикистон 28 ҳазор адад техникаи кишоварзӣ (бо назардошти техникаи корношоям) дорад. Бино ба маълумоти омор, дар бахши кишоварзии кишвар каме бештар аз 11 ҳазор адад тракторҳо ба қайд гирифта шудаанд. 

spot_imgspot_img

Популярное