Ахири ҳафтаи сипаришуда дар толори Маҷмааи давлатии «Кохи Ваҳдат» таҳти раёсати Муовини Якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон – Раиси Шӯро оид ба шарикии давлат ва бахши хусусӣ Давлаталӣ Саид
ҷаласаи нахустини Шӯро
баргузор гардид.
Бино ба иттилои сомонаи расмии Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ, дар ҷаласа лоиҳаҳои шарикии давлат ва бахши хусусӣ, аз қабили нерӯгоҳҳои барқии обии дар ҳавзаи дарёи Зарафшон ва шохобҳои он сохташаванда, маркази нақлиётию логистикӣ барои хизматрасонии боркашонҳои байналмилалии автомобилӣ дар ҳудуди шаҳри Турсунзода, барқарорсозии системаи таъмини оби нӯшокӣ, сохтмони хати роҳи оҳан ва инфрасохтори аввалия дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» ва шартнома оид ба идоракунӣ – ҷалби амалгари (оператори) ботаҷриба барои идоракунии ШСХК «Барқи Тоҷик» муаррифӣ шуданд.
Гуфта мешавад, дар ҷаласа ҳамчунин атрофи масъалаҳои марбут ба амалҳои минбаъда ҷиҳати иҷрои қонуни соли 2012 қабулшуда «Дар бораи шарикии давлат ва бахши хусусӣ», қарорҳои иловагии содиршудаи ҳукумати кишвар оид ба амалисозии пурсамари он ва татбиқи лоиҳаҳо дар доираи шарикии давлат ва бахши хусусӣ табодули назар сурат гирифтааст.



