Рӯзи 16-уми июни соли 2014 Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидов Сафири Фавқулода ва Мухтори Австралия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо иқомат дар Москва) Пол Майлерро ба ҳузур пазируфт.
Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои дурнамои ҳамкориҳои дуҷонибаро байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Австралия дар заминаҳои гуногун, аз ҷумла мубориза бо терроризм, хариду фурӯши одамон ва ҷиноятҳои созмонёфта мавриди баррасӣ қарор доданд.
Гуфта мешавад, ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати рушди минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисод ва савдо, сиёсат ва гуманитарӣ иброз намуданд.



