Эълони БОР оид ба таъсиси маркази «Энергияи устувор барои ҳама»



Дар ҷараёни кори форуми нуҳуми Осиё оид ба энергияи тоза, ки дар қароргоҳи Бонки осиёнии рушд (БОР) дар шаҳри Манила (пойтахти Филиппин) аз 16 то 20-уми июн доир мегардад, БОР эълом дошт, ки маркази «Энергияи устувор барои ҳама» таъсис дода мешавад.

Тавре аз намояндагии БОР дар Тоҷикистон хабар доданд, марказ бо мақсади сафарбарии сармоя ва дарёфти тарзҳои инноватсионии таъмини аҳолии қораи Осиё ва минтақаи Уқёнуси Ором бо энергия тозаи муосир таъсис дода мешавад.

Ба иттилои манбаъ, ҳайати Тоҷикистонро дар ин форум вазири энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ Усмоналӣ Усмонзода раҳбарӣ карда, ба ҳайат ҳамчунин шахсони расмии вазорати мазкур ва Вазорати молияи кишвар шомиланд.

Гуфта мешавад, зимни муколамаи вазирон бо шумули вазирони энергетикаи Бутан, Малдив, Тоҷикистон, Филиппин ва Ҷопон ба се мушкилоти умдаи бахши энергетика – дастрасӣ, устуворӣ ва бехатарии энергия таваҷҷуҳи хосса зоҳир хоҳад шуд.

Ноиби президенти БОР оид ба масъалаҳои идораи дониш ва рушди устувори Бинду Лохани дар ҷараёни кори форум зикр кардааст, ки дар кишварҳои рӯ ба тараққии Осиё аксари аҳолии камбизоати ҷаҳон ба сар бурда, беш аз 600 млн. нафар ба барқ дастрасӣ надоранд ва ҳудуди 1,8 млрд. нафар то ҳанӯз барои омода кардани ғизо ё гарм кардани манзил аз ҳезум ё ангишт истифода мекунанд.

«Ин мушкилотро мо бо роҳандозии методҳои нави устувори истеҳсоли барқ бартараф карда метавонем ва баҳри амалӣ гардидани ин ҳадаф, мо дар ин марказ сармоягузорон, навоварон ва коршиносонро гирдиҳам меоварем», – иброз доштааст ӯ.

Тибқи ҳисобу китоби Агентии байнулмилалии энергетикӣ, барои таъмини дастрасии комил ва ҳамагонии аҳолии қораи Осиё ва минтақаи Уқёнуси Ором бо энергия то соли 2030, дар ҳаҷми беш аз 200 млрд. доллари ИМА маблағгузорӣ зарур аст.

Қобили зикр аст, ки соли 1998 Тоҷикистон ба узвияти БОР пазируфта шуд. То имрӯз БОР ба Тоҷикистон ба сифати қарзҳои имтиёзнок, бурс ва кӯмаки техникӣ дар ҳаҷми умумии ҳудуди 1,2 млрд. доллари ИМА маблағгузорӣ намудааст.

Ҳадафи асосии фаъолияти Бонки рушди Осиё паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар минтақаи Осиё ва ҳавзаи уқёнуси Ором бо роҳи пешрафти ҳамаҷонибаи иқтисодӣ, рушди устувори экологӣ ва ҳамгироии минтақавӣ мебошад. Бонки мазкур соли 1966 таъсис ёфта, қароргоҳи асосии он дар Манила воқеъ аст. Бонк айни ҳол 67 мамлакатро муттаҳид менамояд, ки 48 кишвари он дар Осиёи ва минтакаи Уқёнуси Ором воқеъанд. Соли 2013 ҳаҷми умумии кӯмаки молии аз ҷониби БОР маъқулшуда бо шумули маблағгузории шарикӣ ба миқдори 6,6 млрд. доллари ИМА, дар маҷмӯъ 21 млрд. доллари ИМА-ро ташкил дод.

spot_imgspot_img

Популярное