Аввали ҳафтаи равон дар байни биноҳо дар кӯчаи Алишер Навоии пойтахт дар вақти азназаргузаронии автомашинаи “Хундай-Туксон” дар дохили он ҷасади шаҳрванд Хурсандмурод Шоҳраҷабови 24-сола, сокини ш.Душанбе бо аломатҳои марги маҷбурӣ дарёфт карда шуд.
Бино ба иттилои сомонаи расмии ВКД ҶТ, номбурда санаи 14-уми июн аз хонаашон баромада бедарак ғайб зада буд. Баъди азназаргузаронии ҷойи ҳодиса ва бурдани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ рӯзи дигар кормандони милитсия ҳамчун гумонбар дар ҷинояти куштор ду нафар сокини ноҳияи Варзоб: Сайриддин Исматови 24-сола ваа Наҷмиддин Исматови 37-соларо, ки пеш суд шудааст, дастгир намуданд.
Муайян карда шудааст, ки дастгиршудагон рӯзи 16-уми июн дар ҳавлии истиқоматиашон бо истифода аз таппончаи “Макаров” шаҳрванд Шоҳраҷабов Хурсандмуродро ба қатл расонида, сипас ҷасади ӯро ба автомашина бор мекунанд ва ба кӯчаи А.Навоии пойтахт оварда, кӯшиш мекунанд, ки автомшаинаро оташ зананд. Бо ин мақсад зарфи пластикии 1,5 литраро оташгиритфтаро ба дохили автомашина партофта, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зимнан зикр мегардад, ки аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.



