Хизматчии ҳарбии нерӯҳои марзбонии Тоҷикистион Усмон Ғайратов, ки дар лату кӯб ва маҷрӯҳ кардани сарбози ҷавон Шаҳбол Мирзоев айбдор карда мешавад, имрӯз дар мурофиаи навбатии судӣ пурра ба гуноҳаш иқрор шуда, барои кирдори содиркардааш аз падару модари Шаҳбол узр пурсид.
Дар сухани ниҳоии худ Усмон ғайратов изҳор намуд, ки худро аз рӯи тамоми айбномахои пешниҳодшуда гунаҳкор мешуморад. «Умедворам, ки Шаҳбол табобат ёфта, аз беморхона рухсатӣ мешавад. Аз суд дархост мекунам, ки зимни содир кардани ҳукм ҷавонии ман ва такягоҳи падару модарам будани маро ба инобат гиранд. Аз ин рӯ, аз суд хоҳиш мекунам, ки дар доираи қонун ҳукми начандон вазнин содир карда шавад», – гуфт судшаванда.
Фелдшери қисми низомии тиббии воқеъ дар қисми ҳарбии ноҳияи Рӯдакӣ Гулрафтор Ширинова, ки ӯ низ дар курсии гунаҳкорӣ қарор дорад, ба гуноҳи худ иқрор шуда, аз волидайн ва наздикони Шаҳбол Мирзоев узр пурсид.
Дар мурофиаи қаблӣ муовини прокурори ҳарбии гарнизони Душанбе Дилшод Исломов, ки ба ҳайси айбдоркунанда дар суд оид ба парвандаи лату кӯби сарбоз Шаҳбол Мирзоев ифои вазифа мекунад, аз суд дархост намуд, ки айбдоршаванда – фелдшери қисми низомии 2620 Усмон Ғайратов ба
10 соли зиндони низомаш шадид
маҳкум шуда, ҳамчунин аз ӯ ба фоидаи даъвогар дар ҳаҷми 300 нишондиҳандаи ҳисоб (12 ҳазор сомонӣ) товони зарар ҷуброн карда шавад.
Усмон Ғайратов дар содир намудани ҷингят мутобиқи моддаҳои 373, қ. 2, б. «п» (Вайрон кардани қоидаҳои оинномавии муносибатҳои байниҳамдигарии хизматчиёни ҳарбӣ дар ҳолати набудани тобеияти хизматӣ дар байни онҳо) ва 127, қ. 1 (Дар хатар монондан)-и КҶ ҶТ гунаҳкор дониста мешавад.
Нисбати фелдшери қисми низомии тиббии воқеъ дар қисми ҳарбии ноҳияи Рӯдакӣ Гулрафтор Ширинова тибқи моддаҳои 392 (Муносибати хунукназарона ба хизмат) ва 380 (Вайронкунии қоидаҳои оинномавии ба ҷо овардани хизмати дохилӣ ва гардиши посбонон дар гарнизон)-и КҶ ҶТ айбномаҳо пешниҳод шуданд. Айбдоркунандаи давлатӣ тақозо намуд, ки аз музди меҳнати Ширинова муддати ду сол 15%-и маблағ ба фоидаи давлат пардохт карда шавад.
Ёдрас мекунем, ки Ярлин Ҷавлон, ҳамхизмати Шаҳбол Мирзоев, рӯзи 9-уми июн зимни баёнот додан дар суд ба сифати шоҳид далели лату кӯби сарбоз аз ҷониби фелдшер Усмон Ғайратовро
тасдиқ кард.
Дар ҷараёни ин мурофиа Ғайратов қисман ба гуноҳаш иқрор шуда изҳор кард, ки «ман Шаҳболро лату кӯб накардаам, танҳо ӯро ба гӯштигирӣ даъват намудам».



