Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, обуҳаво



Анонс



– Дар суди гарнизони шаҳри Душанбе ҳукм нисбати фелдшери қисми низомии 2026-и ноҳияи Рӯдакӣ Усмон Ғайратов, ки дар лату кӯб ва маҷрӯҳ кардани сарбоз Шаҳбол Мирзоев айбдор карда мешавад, содир мегардад;

– Дар толори конфронси «Душанбе-Плаза» таҳти унвони «Муқовимат ба таҳдидҳо ва хатарҳои муосир дар минтақаи Осиёи Миёна: дастовардҳо ва дурнамоиҳои Тоҷикистон дар мубориза бо терроризм, экстремизм ва коррупсия» конфронси илмӣ-амалӣ баргузор мешавад. Оғоз соати 09-00;

– Дар сафоратхонаи Беларус дар Тоҷикистон вохӯрии намояндагони сафоратхона бо собиқадорони ҶБВ, ки дар озодкунии Беларус аз фашистон саҳм гузоштаанд, барпо мегардад. Оғоз соати 11-00;

– Дар Душанбе Машварати панҷуми роҳбарони мақомоти салоҳиятдори кишварҳои узви СҲШ, ки ба мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ваколатдоранд, доир мегардад;

– Дар маркази фарҳанги «Бактрия» намоиши филми мустанад бо забони русӣ ва субтитрҳои англисии коргардон Михал Боганим «Одесса… Одесса!» барпо мешавад.



Қ


урби


асъор

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:


1

доллари ИМА – 

4.9204

сомонӣ;


1

евро –

6.6775

сомонӣ;


1

рубли русӣ

– 0.1418

сомонӣ.  



Як р


ӯ


зи таърих




1962

– Анҷумани нахустини зиёиёни Тоҷикистон баргузор шуд.


2007

— Шабакаи мустақили телевизионии «Симои мустақили Тоҷикистон» ба фаъолият оғоз кард.


1918-1990

– Зодрӯзи сарояндаи опера, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Михаил Алоев.


1948

– Мавлуди Ҳофизи халқии Тоҷикистон Файзалӣ Ҳасанов.


1978

– Зодрӯзи журналист Рамзия Мирзобекова.



Вазъи обу


ҳ


аво


Дар вилояти Хатлон

—  Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +18+23, рӯзона +34+39, дар доманакӯҳҳо шабона +15+20, рӯзона +25+30.


Дар вилояти Суғд

— Обуҳавои тағйирёбанда, аксаран бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +19+24, рӯзона +32+37, дар доманакӯҳҳо шабона +5+10, рӯзона +20+25.


Дар Ноҳияҳои тобеи марказ

  — Обуҳавои тағйирёбанда, аксаран бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +15+20, рӯзона +31+36, дар доманакӯҳҳо шабона +9+14, рӯзона +21+26.


Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

— Обуҳавои тағйирёбанда, аксаран бидуни боришот.      

Ҳарорат: дар ғарби ВМКБ шабона +10+15, рӯзона +25+30;  дар шарқи вилоят шабона -1+4, рӯзона +11+16.


Дар шаҳри Душанбе

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.  

Ҳарорат: шабона +17+19, рӯзона +34+36.


Дар шаҳри Хуҷанд

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот. 

Ҳарорат: шабона +20+22, рӯзона +36+38.


Дар шаҳри Қӯрғонтеппа

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +20+22, рӯзона +35+37.


Дар шаҳри Хоруғ

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.   

Ҳарорат: шабона +13+15, рӯзона +23+25.

spot_imgspot_img

Популярное