Ба қазияи «ТоҷикАзот» нуқта гузошта мешавад?



Суди иқтисодии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон имрӯз ба баррасии парванда оид ба эътирофи шартнома дар бораи таъсиси КМ ҶСП «ТоҷикАзот» идома бахшид.

Тавре хабарнигори «Азия-Плюс» аз вилояти Хатлон иттилоъ медиҳад, дар ҷараёни мурофиаи судӣ баҳси асосӣ сари маблағгузорӣ ба фонди оинномавии корхонаи муштарак аз ҷониби саҳмиядори асосии «ТоҷикАзот», молики 75%-и саҳмияи корхона – ширкати «Хайрок Холдингс Лимитед» сурат гирифтааст, ки ба тоҷири украинӣ Дмитрий Фирташ тааллуқ дорад.

Намояндагони Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон изҳор кардаанд, ки фонди оинномавии ширкат аз ҷониби саҳмиядори асосӣ маблағгузорӣ (пур) нашудааст ва аз ин рӯ, ӯ уҳдадориҳояшро иҷро накардааст. Намояндагони Фирташ шарҳ доданд, ки саҳмиядори асосӣ дар доираи қарордод уҳдадориҳояшро ба иҷро расонида, саривақт корхонаро таҷдиду азнавсозӣ кард ва таҷҳизот харидорӣ намуд.

Дар робита ба масъалаи фурӯши 5%-и саҳмияҳо аз ҳиссаи «Хайрок Холдингс Лимитед» ба Хайрулло Саидов, писари Зайд Саидов намояндагони ҳукумати Тоҷикистон – Кумитаи сармоягузорӣ ва Агенти зиддифасод зикр карданд, ки ин қарордод ғайриқонунӣ аст, зеро муомилот бидуни ҳукумати ҶТ – дорандаи 20%-и саҳмияи КМ «ТоҷикАзот» сурат гирифтааст.

«Намояндаи Хайрулло Саидов дар посух қайд кард, ки муомилот дар бораи хариду фурӯши 5%-и саҳмияҳои корхонаи муштарак қонунӣ аст, зеро санад дар Вазорати адлияи Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст. Ба суд ҳамаи ҳуҷҷатҳои мавҷудаи собиткунандаи қонунӣ будани ин шартнома пешниҳод шуданд», – иттилоъ дод хабарнигор.

Ғайр аз ин, боз як эътирози Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амовли давлатӣ дар он ифода меёбад, ки қабл аз имзои қарордод бо «Хайрок Холдингс Лимитед» баҳодиҳии амволи корхона гузаронида нашуда, аз рӯи қонун ин ҳолат ба имзои чунин қарордод имкон намедиҳад.

Намояндагони расмии Фирташ ва Хайрулло Саидов аз суд дархост намуданд, ки баррасии ин парванда қатъ карда шавад, чунки муҳлати муқарраршудаи  баррасии баҳс гузаштааст. Ҷаласаи судӣ нимаи дуюми имрӯз идома меёбад.

Ёдрас мекунем, ки Агентии зиддифасоди Тоҷикистон қаблан нисбати молики саҳмияҳои назоратии КМ «ТоҷикАзот», соҳибкори украинӣ Дмитирий Фирташ оид ба харидории ғайриқонунии саҳмияҳо, истифодаи ғайримақсадноки воситаҳо ва иштирок дар муомилоти ғайриқонунии фурӯши таҷҳизот даъво пеш овард. Агентӣ бар ин назар аст, ки муомилоти харидории 75%-и саҳмияҳо ғайриқонунӣ буда, аз ин рӯ, ин саҳмияҳо бояд ба давлат баргардонида шаванд.

Тавре ба «Азия-Плюс» аз Агентии зиддифасод хабар доданд, шартномаи соли 2002 баимзорасида дар бораи таъсиси корхонаи муштараки «ТоҷикАзот»-и Тоҷикиситону Кипр миёни ширкати Фирташ «Хайрок Холдингс Лимитед» ва ҳукумати Тоҷикистон ғайриқонунӣ мебошад. «Ин шартнома соли 2002, замони вазири саноати Тоҷикистон будани Зайд Саидови соли гузашта ба 26 соли зиндон маҳкумшуда ба имзо расидааст», – гуфт манбаъ.

Ба гуфтаи ӯ, ғайр аз ин, раҳбарияти «ТоҷикАзот» дар истифодаи ғайриқонунии воситахо, фурӯши таҷҳизоти корхона гумонбар дониста мешавад. «Дар сурати аз ҷониби мақомоти судӣ ғайриқонунӣ эътироф шудани шартномаи таъсис ва хусусигардонии корхонаи муштараки «ТоҷикАзот», корхона пурра таҳти назорати давлат қарор мегирад», – афзуд сарчашмаи хабар.

Корхонаи муштараки «ТоҷикАзот» моҳи декабри соли 2012 дар заминаи ҶСК «Азот» таъсис дода шуда, нуриҳои азотӣ истеҳсол мекунад. Айни замон бинобар сабаби қатъ шудани интиқоли гази табиӣ корхона фаъолият надорад.

Ширкати Group DF, ки дороиҳои соҳибкори украинӣ Дмитрий Фирташро муттаҳид ва идора мекунад, рӯзи 28-уми апрел дар робита ба даъвои Агентии зиддифасоди Тоҷикистон ба Суди иқтисодии вилояти Хатлон дар бораи ғайриқонунӣ хусусигардонии ҶСП КМ «ТоҷикАзот» 

изҳорот интишор намуд.

Ёдрас мекунем, ки миллиардери маъруфи украинӣ Дмитрий (Дмитро) Фирташ рӯзи 13-уми март дар Австрия дастгир шуд. Ӯ аз тарафи Амрико бо иттиҳоми ришвадиҳӣ ва қасди ҷиноӣ таҳти таъқиб қарор дошт. Суди Австрия қарор кард, ки соҳибкори украинӣ Дмитрий Фирташ

 бо гарави 125 млн. евро 

маблағ озод карда шавад.

Аввали моҳи апрели соли равон

ширкати русиягии«Газпром»

низ изҳор дошт, ки  ҷараёни барҳамдиҳии корхонаи муштаракаш бо тоҷири украинӣ Дмитрий Фирташ – ширкати RosUkrEnergo AG-ро оғоз мекунад.

spot_imgspot_img

Популярное