Кормандони Хадамоти гумруки Тоҷикистон шаҳрванди Афғонистонро ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир боздошт намуданд.
Сухангӯи Хадамоти гумруки ҷумҳурӣ Ҳумайро Мирова ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки шаҳрванди кишвари ҳамсоя Муҳаммаднаим валади Азим дар ҷараёни чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ зимни анҷом додани муомилоти навбатии фурӯши воситаҳои нашъаовар боздошт шудааст. «Ин гурӯҳи ҷиноятпеша автомашинаҳои гаронбаҳоро харида ҷиҳати пардохти он барои фурӯш героин медодааст», – гуфт манбаъ.
Ба қавли вай, Муҳаммаднаим валади Азим аз соли 2008 дар Тоҷикистон кору зиндагӣ карда, ба тиҷорат машғул аст ва намояндаи яке аз ширкатҳои афғонӣ мебошад. «Ҳамчунин маълум шуд, ки барои даст доштан дар куштор ӯ аз ҷониби мақомоти интизомии Афғорнистон мавриди ҷустуҷӯ қарор дорад», – иброз дошт манбаъ.
Зимнан зикр гардид, ки ин дафъа ҷинояткорон нияти харидории автомашинаи тамғаи «Лексус»-ро дошта, ба сифати пардохт 6 ҳазор доллари ИМА пешниҳод намудаанд ва ҳамчунин барои фурӯш 40 кило маводи сахттаъсири героинро низ доданӣ будаанд. «Ҳангоми анҷоми ин муомилот шаҳрванди Афғонистон дастгир ва Раёсати мубориза бо қочоқи Хадамоти гумрук ҷиҳати боздошти дигар аъзои ин гурӯҳи ҷиноятпеша тадбирҳо меандешад», – афзуд сарчашмаи хабар.



