Оғози сафари президенти Тоҷикистон ба Малайзия



Шоми рӯзи 22-юми июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо нахустин сафари давлатӣ вориди шаҳри Куала-Лумпур, пойтахти Малайзия шуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар фурӯдгоҳи байналмилалии шаҳри Куала-Лумпур Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро бо самимияти хоса истиқбол гирифтанд.

Мулоқоту музокироти сатҳи олии миёни Тоҷикистону Малайзия ва дигар чорабиниҳо имрӯз оғоз меёбанд.

Зимни сафар мулоқотҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Подшоҳи Малайзия волоҳазрат Абдулҳалим Муаззам, Сарвазири ин кишвар Наҷиб Абдурразоқ ва ба имзо расидани як зумра санадҳо дар назар аст, ки  ба заминаи қарордодию ҳуқуқии ҳамкории миёни ду кишвар  асоси устувор мегузоранд. Санадҳо,  аз ҷумла доир ба ташкил ва густариши ҳамкорӣ дар бахшҳои иқтисод, илму техника, таҳсилоти олӣ, туризм, варзиш ва доир ба машваратҳои сиёсӣ ба имзо хоҳанд расид.

Ҳамчунин баргузории анҷумани соҳибкорони бонуфузи Тоҷикистону Малайзия дар назар аст, ки боиси муаррифии имконоти ҳамкорӣ бо Тоҷикистон ва ба миён омадани робитаҳои мустақими миёни сохторҳои хусусии ду кишвар хоҳад шуд.

spot_imgspot_img

Популярное