Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, обуҳаво



Анонс



– Суди конститутсионии Тоҷикистон аризаи даъвогии Ассотсиатсияи ҳуқуқшиносони ҷавони «Ампаро» муқобили қарори суди зинаи поёнӣ дар бораи барҳам додани Ассотсиатсияро баррасӣ мекунад;

– Дар маркази тиҷорати «Созидание» бахшида ба натиҷаҳои Масъулияти иҷтимоии корпоративии ширкати Beeline дар соли 2013 конфронси матбуотӣ доир мегардад. Оғоз соати 11-00;

– Дар дафтари кории марказии ҲНИТ дар Душанбе ба муносибати солгарди навбатии таҷлили ҷашни Рӯзи ваҳдатии миллӣ конфронс баргузор мешавад;

– Дар Душанбе Форуми ҳамватанони муқими кишварҳои хориҷӣ доир мегардад. Форум то 25-уми июн идома ёфта, ба муносибати 17-умин солгарди Рӯзи ваҳдати миллӣ ва истиқрори сулҳ баргузор мегардад. Чорабинӣ бо ташаббуси ҳукумати ҶТ, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли ҶТ бо дастгирии Созмони байнулмилалии муҳоҷират созмон дода мешавад.



Қ


урби


асъор

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:


1

доллари ИМА – 

4.9324

сомонӣ;


1

евро –

6.7412

сомонӣ;


1

рубли русӣ

– 0.142


1

сомонӣ.  



Як р


ӯ


зи таърих




1938

– Интихоботи нахустин ба Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон.


2004

– Эмомалӣ Раҳмонов дар бораи тасдиқи Кодекси ахлоқ барои хизматчиёни давлатии тамоми сатҳҳо фармон ба имзо расонид.


2009

— Тоҷикистон ҳиссаи худ дар сармояи оинномавии Бонки авруосиёии рушд дар ҳаҷми 500 ҳазор $-ро пардохта, иштирокчии чоруми комилҳуқуқи ин бонк шуд.


1920

– Зодрӯзи рассом, арбоби фарҳанги Тоҷикистон Ворис Серебрянский.


1934

– Мавлуди нависандаи русзабони Тоҷикистон Александр Яблоков.


1949

– Зодрӯзи докотори улуми филологӣ, арбоби давлатӣ Додихудо Саймуддинов.


1950

– Мавлуди Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Муаззама Иброҳимова.


1960

– Зодрӯзи Игор Сатторов, котиби матбуотии КВД «Корхонаи алюминии Тоҷикистон» (ТАЛКО).



Вазъи обу


ҳ


аво




Дар вилояти Хатлон

—  Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +22+27, рӯзона +36+41, дар доманакӯҳҳо шабона +14+19, рӯзона +27+32.


Дар вилояти Суғд

— Обуҳавои тағйирёбанда, аксаран бидуни боришот, 23-25/06 дар ноҳияҳои ҷудогонаи доманакӯҳ борони кӯтоҳмуддат ва раъду барқ.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +18+23, рӯзона +35+40, дар доманакӯҳҳо шабона +8+13, рӯзона +22+27.


Дар Ноҳияҳои тобеи марказ

  — Обуҳавои тағйирёбанда, аксаран бидуни боришот, 23-25/06 дар ноҳияҳои ҷудогонаи доманакӯҳ борони кӯтоҳмуддат ва раъду барқ.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +15+20, рӯзона +32+37, дар доманакӯҳҳо шабона +10+15, рӯзона +24+29.


Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

— Обуҳавои тағйирёбанда, аксаран бидуни боришот, 23-25/06 борони кӯтоҳмуддат.      

Ҳарорат: дар ғарби ВМКБ шабона +11+16, рӯзона +25+30;  дар шарқи вилоят шабона +1+6, рӯзона +13+18.


Дар шаҳри Душанбе

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.  

Ҳарорат: шабона +16+18, рӯзона +35+37.


Дар шаҳри Хуҷанд

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот. 

Ҳарорат: шабона +19+21, рӯзона +35+37.


Дар шаҳри Қӯрғонтеппа

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +21+23, рӯзона +36+38.


Дар шаҳри Хоруғ

— Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат.   

Ҳарорат: шабона +13+15, рӯзона +28+30.

spot_imgspot_img

Популярное