Ҳафтаи равон дар вилояти Ботканди Қирғизистон ҷаласаи навбатии ҳайатҳои ҳукуматии Қирғизистону Тоҷикистон оид ба масоили таъйин ва аломатгузорӣ дар марзи давлатӣ баргузор шуд.
Тавре ба «Азия-Плюс» аз ҳукумати Тоҷикистон хабар доданд, ҷаласа таҳти раёсати муовинони нахуствазирони кишварҳо Муродалӣ Алимардон ва Абдураҳмон Маматалиев доир гардидааст.
«Ҷонибҳо лоиҳаи Созишнома миёни Қирғизистону Тоҷикистон дар бораи марзи давлатӣ, масоили сохтмони ду пул ва қитъаи роҳи мошингарди Кулунду-Максатро баррасӣ намуда, ҳамчунин муовинони нахуствзирони кишварҳо бевосита дар маҳал бо ҷараёни сохтмони роҳи автомобилгарди Кӯктош-Оқсой-Тамдик-Кишемиш шинос шуданд», – гуфтанд дар ҳукумати ҶТ.
Зимнан зикр гардид, ки сари ин масъалаҳо ҷонибҳо то ҳанӯз комилан ба тавофуқ нарасида, ояндаи наздик ба гуфтушунидҳо идома бахшида мешавад.



