Ба Зайд Саидов айбномаҳои нав пешниҳод шуданд



Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон нисбати собиқ вазири саноати ҷумҳурӣ, соҳибкор Зайд Саидов, ки ба 26 соли зиндон маҳкум гардида буд, айбномаҳои нав пешниҳод намуд.

Сардори Раёсати пешгирии амалҳои коррупсионии Агентии зиддифасод Бахтиёр Юсуфов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки соҳибкор акнун дар содир намудани ҷиноятҳо мутобиқи моддаҳои 245, қ. 4 (Азонихудкунӣ ё исрофкорӣ) ва 340, қ. 2 (Сохтакорӣ, тайёр кардан ё ба соҳибияти каси дигар додани ҳуҷҷат, мукофоти давлатӣ,  штамп, муҳр ва бланкаҳои қалбакӣ)и КҶ ҶТ гумонбар дониста мешавад.

«Қонуншиканиҳо аз рӯи моддаҳои дар боло зикршударо Зайд Саидов зимни сохтмони иншооти «Душанбе-Плаза» содир намудааст», – гуфт манбаъ ва аз шарҳи ҷузъиёти дигари масъала худдорӣ варзид.

spot_imgspot_img

Популярное