Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ба фишорҳои ҳукумати вақт нисбати аъзо ва ҷонибдоронаш то ҳадде сабру таҳаммул хоҳад кард, ки барои таъмини сулҳу субот дар кишвар зарур аст.
«На парвои зиёд аз фишорҳо дорем, на аз танқидҳо барои сабр. Ҷое гуфта будам, ки сабри мо то ҳадде хоҳад буд, ки худи фишордиҳандаҳо сабру тоқаташонро аз даст медиҳанд. Аллакай, натиҷаи инро мебинем, сабрашон аз пурсабрии мо дорад тамом мешавад», – посух додааст Муҳиддин Кабирӣ ба саволи яке аз корбарони гурӯҳи фейсбукии «Платформа».
Дар идома Кабирӣ зикр кардааст, ки «моро ҳамеша танқид мекунанд, ки пеши роҳи майдону митингҳоро мегирем ва намегузорем ки мардум зидди зулму фишор эътироз кунад.
«Бале, мо то имрӯз даъват кардаем, ки ин корро накунанд ва ташаккур мегӯем ба касоне, ки ҳарфи моро гӯш мекунанд. Аммо, ҳарфи моро одатан аъзо ва тарафдорони мо гӯш ва риоят мекунанд. Касоне, ки моро танқид мекунанд барои сабри аз ҳад зиёд, аксаран на аъзоанду на тарафдори мо. Агар тарафдори мо мебуданд, моро барои ин сиёсат танқид намекарданд. Онҳо агар ғайрату ҷасорат доранд, марҳамат, мо пеши роҳи онҳоро нагирифтаем. Ариза диҳанд барои гирдиҳамойӣ ва ҳақи худро талаб намоянд. Вале, агар ҳадаф танҳо кашондани Наҳзат ба майдон аст, бигузор ором бошанд, мо ҳамаро мешунавем ва тасмимро ниҳоятан бо дарки ҳама паҳлӯҳои масъала хоҳем гирифт. Ба касе маъкул ҳаст ё нест, ин мавқеъи мост, ки то имрӯз иштибоҳӣ набуд», – гуфтааст М.Кабирӣ.
Дар робита ба савол бобати мавқеъгирии минбаъдаи ҲНИТ нисбати фишорҳо алайҳи ҳизб Муҳиддин Кабирӣ посух додааст, ки тағйироти ҷиддие дар тактика ва сиёсатҳои ҳизб нахоҳад буд. «Дар чорчӯби қонун ва хунсардона кори худро идома хоҳем дод. Ақида, ҳадафҳо ва арзишҳо муқаддасанд, ягон ҳизбу сохтор не. Муҳим аз ҳама ваҳдату устувории мо мебошад, ки то имрӯз ҳеҷ халале дар он ворид нашудааст. Баръакс, сафҳои ҳизб бештар мунсаҷим шудаанд ва инсонҳои қавию боирода ба мо мепайванданд», – таъкид доштааст раиси ҲНИТ.



