Нахустин корхонаи хиштбарорӣ дар Тоҷикистон бо истифодаи роботҳо



Дар ноҳияи Ҳисор корхонаи хиштбарории «Корвони аср» бо истифода аз технологияи механикишудаи истеҳсолот ва дастгоҳи муосири роботишуда мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Сардори Раёсати технологияҳои нави Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон Парвиз Ҷабборов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки мавриди истифода қарор гирифтани таҷҳизоти роботишуда кори корхонаро ба таври назаррас осонтар намуда, ба афзоиши ҳаҷми истеҳсолот имкон медиҳад.

«Дар ин корхона 86%-и корҳоро механизмҳои роботишудаи истеҳсоли Чин ва боқимонда 14%-и корҳо дастӣ ба иҷро мерасанд. Агар бо тарзи пурраи кори дастӣ дар як сол то 3 млн. донаи шартии хишт истеҳсол мешуд, бо тарзи механикишуда иқтидори корхона ба истеҳсоли то 5-6 млн. донаи шартии хишт дар як сол меафзояд», – гуфтанд дар вазорат.

Бино ба маълумоти Вазорати мазкур, соли 2013 дар Тоҷикистон дар маҷмӯъ 130 млн. дона хишт истеҳсол карда шуда, бо назардошти мавриди истифода қарор гирифтани корхонаҳои нави истеҳсоли ин навъи масолеҳи сохтмон, дар вазорат умедворанд, ки имсол истеҳсоли он то ба 140 млн. дона расонида мешавад.

spot_imgspot_img

Популярное