Дар шаҳри Душанбе рӯнамоии китоби “Тоҷикистон дар давраи гузариш: нақши сиёсати макроиқтисодӣ дар ҳалли мушкилоти камбизоатӣ” бо забонҳои русӣ ва англисӣ доир гардид.
Бино ба иттилои намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон, ин нахустин нашрия дар бахши макроиқтисодиёт ва ислоҳоти идорасозии молияи давлатӣ буда, навиштаҳои муаллифонро аз вазорату идораҳои гуногуни Тоҷикистон, аз ҷумла Бонки миллӣ, Агентии омор, Парламент, донишгоҳҳо ва Академияи илмҳо дар бар мегирад. Дар китоби мазкур мавзӯъҳои зер, аз қабили нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ ва тамоюлҳои иҷтимоию иқтисодии рушди мамлакат, маҷмӯи моделҳои макроиқтисодии байниҳамалоқаманди дар сохтори давлатии Тоҷикистон татбиқкардашуда, таҳияи модели эконометрикӣ барои дурнамои даромадҳои давлатӣ, модел ва чораҳои ҳамоҳангсозии сиёсати иқтисодӣ ва пулию қарзӣ дар Тоҷикистон, модели эконометрикӣ барои баҳодиҳии вариантҳои сиёсати макроиқтисодӣ, таҳлили динамикаи рушди бозори меҳнат, инчунин таҳлилҳои амалӣ дар бахши идорасозии молия, ки дар асоси низоми нави иттилоотии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия шудааст, баррасӣ карда мешаванд.
Китоб бо сухани ифтитоҳии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Шариф Раҳимзода ва Сафири Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон Эдуард Ауэр, инчунин бо маърӯзаи илмии профессори фахрии Донишгоҳи Гериотт-Ватти Эдингбург Пол Хеа дар бораи ислоҳоти бахши идорасозии молияи давлатӣ дар кишварҳои дорои иқтисоди давраи гузариш оғоз мегардад. Матолиби китоб дар заминаи натиҷагирӣ аз кӯмакҳои техникии Иттиҳоди Аврупо ба Тоҷикистон барои рушди моделсозии макроиқтисодӣ ва ояндабинӣ, таҳлили амиқи макроиқтисодӣ ва пешбурди сиёсати дахлдор омода гардидааст. Натиҷаҳои асосии лоиҳа дар шакли маърӯза дар конфаронсе, ки моҳи феврали соли 2012 дар меҳмонхонаи “Ҳаят” дар Душанбе доир гардид, пешниҳод ва ҳамакнун ба ин нашрия дохил карда шудаанд. Илова бар ин, дар китоб чанд маърӯзаи дигар аз рӯи натиҷагирии лоиҳаҳои Иттиҳоди Аврупо дар соҳаи ислоҳоти бахши идорасозии молияи давлатӣ дар Тоҷикистон ҷой дода шудааст. Ин маърӯзаҳо низ дар конфаронси дар моҳи октябри соли 2012 доиргардида пешниҳод шуда буданд.
Ҳадафи лоиҳаҳо асосан ҳамин буд, ки ба Ҳукумати ҶТ дар масъалаи таҳияи дурнамои амиқи макроиқтисодӣ ба хотири андешидани чораҳои сиёсати молиявию иқтисодӣ бо дарназардошти тамоюлҳои макроиқтисодӣ ва вариантҳои дигари сиёсӣ, тақвияти суботи макроиқтисодӣ дар давраи кӯтоҳмуҳлат, инчунин коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ ва мусоидат ба рушди иқтисодӣ дар давраи дарозмуҳлат кӯмак расонида шавад.
Китоб бо кӯмаки молии Иттиҳоди Аврупо рӯйи чоп омадааст. Барои муҳтаво ва матолиби китоби мазкур муаллифони маърӯзаҳо масъулият ба зимма доранд, онҳо метавонанд ақидаҳои Иттиҳоди Аврупоро инъикос накунанд. Муаллифони китоб мушовирони тоҷик ва байналмилалӣ мебошанд, ки дар ду лоиҳаи ИА: 1) “Рушди моделсозии макроиқтисодӣ ва ояндабаинӣ дар Тоҷикистон” (ширкати СОФРЕКО онро амалӣ намудааст) ва 2) “Дастгирии техникии чораҳо оид ба фаҳмонидани барномаи ислоҳоти бахши идорасозии молияи давлатӣ дар Тоҷикистон” (аз ҷониби ширкати “Б энд Европа” амалӣ гаштааст) иштирок намудаанд.
Китоб бо ташаббуси муаллифони маърӯзаҳо ва инчунин муҳаррирони асосӣ – проф. А. В. Шкуропат ва профессор Пол Хэа бо забонҳои русӣ ва англисӣ ба нашр расидааст.



