АНМН: Мусодираи 5 кило ҳашиш дар ноҳияи Дарвоз



Дар доираи амалиёти «Кӯкнор-2014» кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ (АНМН) дар ВМКБ 5 килограмм маводи нашъаовар мусодира намуданд.

Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи Агентӣ, дар наздикии деҳаи Зинги ноҳияи Дарвоз автомашинаи тамғаи ВАЗ-2108, таҳти идораи сокини ноҳия боздошт гардид.

«Дар натиҷаи кофтукови дохили автомашина аз пеши нишастгоҳи мусофир як қуттии картонӣ дарёфт гардид, ки дар дохили он чор адад бастаи латтапеч бо маводи нашъаовари навъи гашиш бо вазни 5 кг мавҷуд буд», иттилоъ медиҳад Агентӣ.

Зимнан зикр мегардад, ки аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

spot_imgspot_img

Популярное