Раҳмон роҳбари Департаменти федералии молияи Швейтсарияро ба ҳузур пазируфт



Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Роҳбари Департаменти федералии молияи Швейтсария хонум Эвелин Видмер-Шлюмпфро ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар мулоқот масоили ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Швейтсария баррасӣ шуда, ба ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва молиявию сармоягузорӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир шуд.

Эмомалӣ Раҳмон аз ҳамкориву ҳамшарикии Тоҷикистону Швейтсария изҳори қаноатмандӣ карда, таъкид дошт: “Мо Швейтсарияро яке аз шарикони муҳими худ дар қитъаи Аврупо медонем ва ба густариши робитаҳо бо он таваҷҷуҳи хос дорем”.

Аз ҳамкории ду кишвар дар муассисаҳои молиявии байналмилалӣ ва Созмони ҷаҳонии савдо ва ҳамчунин аз машваратҳои сиёсии дуҷониба, ки аз соли 2009 ба ин сӯй ҳар сол ба роҳ монда мешавад, қаноатмандӣ изҳор гардид.

Тавре зикр гардид, бо дастгирии молиявии Швейтсария тайи солҳои зиёд дар Тоҷикистон лоиҳаҳои сершумор амалӣ шудаанд, ки ба гузаронидани ислоҳот дар соҳаҳои идоракунии давлатӣ, бахши хусусӣ ва макроиқтисодиёт, инфрасохтор, энергетика, тандурустӣ, таъминоти об, муҳоҷирати корӣ ва паст кардани хатари офатҳои табиӣ равона гардидаанд. Ҳоло 10 лоиҳаи дигар ба маблағи 67 миллион доллари амрикоӣ татбиқ мегардад ва ояндаи наздик афзоиши шумораи чунин лоиҳаҳо ва ҳаҷми сармоягузорӣ дар назар аст.

Швейтсария ҳамчунин “шарики муҳими тиҷоратии Тоҷикистон” номида шуд, зеро гардиши савдои дуҷониба дар панҷ моҳи соли равон 141 миллион доллари амрикоиро ташкил дод, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли 2013 4,3 маротиба ва нисбат ба тамоми соли 2013 1,7 маротиба зиёд аст.

Гуфтугӯйи судманд, ҳамчунин доир ба ҷалби сармояи мустақим ба соҳаҳои бунёдии иқтисоди Тоҷикистон аз Швейтсария ва дигар кишварҳои Аврупо ва ҷаҳон ва оид ба дигар масоили мавриди таваҷҷуҳ сурат гирифт.

spot_imgspot_img

Популярное