Нигаронии президент аз афзоиши ҷинояткорӣ миёни ҷавонон



Зимни суханронӣ дар маҷлиси васеи ҳайати мушовараи Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳор намуд, ки дар шароити тағйир ёфтани вазъи геополитикии ҷаҳон ва афзоиши таҳдиду хатарҳои нав, ки ба рушди давлатдории миллӣ ва манфиатҳои милливу давлатии мо низ монеаҳои ҷиддӣ эҷод мекунанд, аз кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомии кишвар масъулияти дучанд тақозо мегардад.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, президент таъкид намуд, ки мақомоти прокуратура яке аз сохторҳои муҳимми низоми давлатдорӣ ба шумор рафта, дар баробари назорати риояи қонунҳо ва ҳифзи сулҳу субот ва амният дар таҳкими пояҳои давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ саҳми босазо доранд.

Сарвари давлат қайд кард, ки аз соли 2000-ум то имрӯз ҳаҷми маблағгузории мақомоти прокуратура аз ҳисоби буҷети давлатӣ тадриҷан афзуда, музди меҳнати кормандони ин мақомот танҳо дар давраи зикршуда 50 баробар зиёд шудааст. «Соли 2000-ум маоши миёнаи кормандони прокуратура 20 сомонӣ буд, вале имрӯз ин нишондиҳанда қариб 1000 сомониро ташкил медиҳад», – иброз дошт ӯ.

Зикр гардид, ки дар замони истиқлолият барои прокуратураҳои шаҳру ноҳияҳо даҳҳо биноҳои наву замонавӣ сохта, ё таъмиру азнавсозӣ гардида, мавриди истифода қарор дода шудаанд ва давоми солҳои 2005 – 2013 барои бунёду азнавсозии биноҳо, харидории воситаҳои нақлиёт ва таъмини кормандони мақомот бо воситаҳои техникии муосир аз ҳисоби буҷети давлатӣ 131 миллион сомонӣ сарф карда шудааст.

Эмомалӣ Раҳмон аз кофӣ набудани тадбирҳои андешидаи сохторҳои дахлдор дар самти гардиши ғайриқонунии замин нигаронӣ изҳор намуд. «Давоми солҳои 2009-2014 нисбати 18 нафар кормандони мақомоти прокуратура парвандаҳои ҷиноӣ боз шуданд», – таъкид дошт президент.

«Сол то сол зиёд шудани бақияпулиҳои қарзи андоз (то 1-уми июни соли 2014 ин нишондиҳанда ба 650 миллион сомонӣ расидааст) аз самарабахш набудани кори мақомоти ваколатдори давлатӣ ва дар мавридҳои алоҳида ба таври воқеъбинона ба нақша нагирифтани манбаъҳои андоз шаҳодат медиҳад», – қайд кард президент.

Ҳамчунин сарвари давлати Тоҷикистон аз афзоиши мизони ҷинояткорӣ миёни ҷавонон низ изҳори нигаронӣ намуда, зикр кард, ки агар дар соли 2010 ноболиғон дар қаламрави кишвар 530 ҷиноят содир карда бошанд, пас ин шумора дар соли 2013 ба 725 расида, болоравии сатҳи он 33 фоизро ташкил додааст. «Дар муассисаҳои ислоҳии системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ба ҳолати 1 июли соли 2014 шумораи ҷавонони то 18 – сола 65 нафар ва аз 18 то 30 – сола беш аз сеюним ҳазор нафарро ташкил мекунад», – гуфт президент.

spot_imgspot_img

Популярное