Бо мақсади дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои роҳбарияти олии ҲХДТ вобаста ба дастгирии ниёзмандон, ҳизбиёни вилояти Хатлон дар моҳи Шарифи Рамазон амали хайру савобро анҷом доданд.
Бино ба иттилои сомонаи расмии ҲХДТ, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Аҳмадҷон Ализода ба аёдати оилаҳои аз офатҳои табиӣ зарардидаи ноҳияҳои Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва Восеъ омада, дар маҷмуъ ба 28 оила кӯмаки ҳизбиёни вилоятро расонд.
Гуфта мешавад, ин амал боиси шодмониву фараҳмандии сокинони зарардидаи деҳаҳои ноҳияҳои Ҳамадонӣ ва Восеъ гардида, онҳо миннатдории худро ба Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён намуданд.



