Мизони таваррум дар нимсолаи аввал 4,5%-ро ташкил дод



Нимсолаи аввали соли равон мизони таваррум дар Тоҷикистон 4,5%-ро ташкил дод.

Бино ба маълумоти Бонки миллии ҷумҳурӣ, моҳи июни соли ҷорӣ суръати афзоиши мизони таваррум 0,1% поин рафтааст.

Қобили зикр аст, ки дар зарфи 5 моҳи соли 2014 мизони таваррум дар Тоҷикистон дар сатҳи аз 0,4% дар моҳи январ то ба 1,3% дар моҳи апрел қарор дошт.

Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти Бонки миллӣ, тайи 12 моҳи ахир сатҳи таваррум дар ҷумҳурӣ ба 6,6% барробар шудааст.

Ҳукумати Тоҷикистон ният дорад, ки сатҳи таваррум дар бахши истеъмолии кишвар дар соли равонро дар мизони 7,5% нигоҳ дорад.

Дар ҳамин ҳол, сатҳи таварруми соли гузашта дар ҷумҳурӣ сабтшуда – 3,7% аз ҳама пасттарин дар замони истиқлолияти кишвар мебошад. То ин замон сатҳи нисбатан пасти таваррум соли 2012 ба қайд гирифта шуда буд, ки 6,4%-ро ташкил дода буд.

spot_imgspot_img

Популярное