Ҷ.Данн: ХБА кӯмаки худро ба Тоҷикистон дареғ намедорад



Субҳи имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Роҳбари ҳайати Хазинаи байналмилалии асъор (ХБА) оид ба Тоҷикистон Ҷонатан Даннро ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар мулоқот масоили ҳамкории дуҷониба доир ба дастгирии рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон баррасӣ шуда, таъкид гардид, ки “Тоҷикистон дар таҳия ва татбиқи дурнамои сиёсати иқтисодӣ аз тавсияҳои муфиди Хазинаи байналмилалии асъор пайваста истифода мебарад”.

Ба иттилои манбаъ, ба масъалаи коҳиш додани таъсири омилҳои манфии беруна ба иқтисодиёти Тоҷикистон, аз ҷумла ҳолатҳои бӯҳронӣ дар бозори ҷаҳонӣ ва кишварҳое, ки шарикони асосии иқтисодию тиҷоратии кишвари мо ба шумор мераванд, таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид.

Гуфта мешавад, Ҷонатан Данн изҳор доштааст, ки Хазинаи байналмилалии асъор барои татбиқи бомаром ва босамари ислоҳоти иқтисодӣ кумакҳои техникии худро ба Тоҷикистон, аз ҷумла дар самти таҳлил ва омӯзиши ҳамаҷонибаи вазъи кунунӣ ва дурнамои иқтисодию иҷтимоӣ бо назардошти омилҳои ҷаҳониву минтақавӣ дареғ намедорад”.

spot_imgspot_img

Популярное