Ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-и Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ ҳудуди 17 млрд. 880 млн. сомонӣ (зиёда аз 3,5 млрд. $)-ро ташкил дод, ки бо нархҳои таносубӣ нисбат ба нишондиҳандаи соли 2012 ба андозаи 6,7% зиёдтар аст.
Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, дар сохтори ММД-и кишвар давоми моҳҳои январ-июни соли равон ҳиссаи савдо, таъмири автомобилҳо, молҳои маишӣ ва лавозимоти истифодаи шахсӣ, меҳмонхона ва тарабхонаҳо бештар аст, ки ба 17,6% баробар мебошад.
Ҳиссаи андоз – 16,4%, нақлиёт, алоқа ва хоҷагии анбор – 15,5%, саноат ва энергетика – 12,6%, сохтмон – 8,9%, бахши кишоварзӣ, шикор, хоҷагии ҷангал, моҳидорӣ ва моҳипарварӣ – 13,2 ва ғайраро ташкил медиҳад.
Ёдрас мекунем, ки ҳаҷми ММД Тоҷикистон дар соли гузашта беш аз 40 млрд. 524,5 млн. сомонӣ (зиёда аз 8,5 млрд. $)-ро ташкил дод, ки бо нархҳои таносубӣ нисбат ба нишондиҳандаи соли 2012 ба андозаи 7,4% зиёдтар аст. Дефлятори ММД дар соли гузашта 4,3%-ро ташкил дод. Соли ҷорӣ ММД-и кишвар дар ҳаҷми беш аз 46 млрд. сомонӣ пешбинӣ шудааст.



