Коҳиши қарзи қумондонҳои саҳроии Бадахшон аз «Амонатбонк»



Қарзҳои аз Бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк» гирифтаи собиқ қумондонҳои саҳроии ВМКБ Толиб Айёмбеков ва Ёдгор Мамадасламов дар соли 2008 қисман баргардонида шуданд.

Зимни нишасти хабарӣ раиси Раёсати БДА «Амонатбонк» Ҷамшед Нурмаҳмадзода ба журналистон дар ин робита изҳор намуд, ки бақияи умумии ин қарзҳо ба санаи 1-уми июни соли равон 276 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

«Аз соли 2008 дар маҷмӯъ онҳо беш аз 800 ҳазор сомонӣ қарз гирифта, то имрӯз 70% аз ин қарзҳоро баргардониданд. Дар ин самт мо корҳои зиёдеро ба сомон расонидем. Аз оғози сол ба мо муяссар шуд, ки боз 65 ҳазор сомонии қарзро баргардонем ва айни замон низ ин корҳо идома доранд», – иброз дошт ӯ.

Дар «Амонатбонк» зикр карданд, ки пардохти қарзи асосӣ ва фоизҳои он аз ҳисоби фурӯши амволи гарави ин шаҳрвандон таъмин мегардад, «аз ин рӯ, барои бонк хавфи бузурге ҷой надорад».

Қобили зикр аст, ки қаблан 19-уми сентябри соли 2012 зимни сафар ба ВМКБ президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо фаъолони шаҳри Хоруғ изҳор намуда буд, ки қарзи умумии чанде аз пешвоёни Бадахшон ба «Амонатбонк» 1 млн. 265 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Президент ба гунаи мисол аз қарзи шаҳрванд Гулдарбоғова, ҳамсари бародари калонии Ёдгор Мамадасламов ёдовар шуда буд. Ба гуфтаи ӯ, соли 2008 Гулдарбоғова ба муҳлати 2 сол қарз гирифта, аллакай он замон аз бонк дар маҷмӯъ 700 ҳазор сомонӣ қарздор буд.

Президент ҳамчунин қарзи писари Толиб Айёмбековро, ки моҳи июни соли 2010 аз «Амонатбонк» дар ҳаҷми 565 ҳазор сомонӣ қарз гирифта буд, низ хотиррасон кард.

Ёдрас мекунем, ки собиқ қумондонҳои саҳроии Бадахшон Толиб Айёмбеков ва Ёдгор Мамадасламовро ба саркашӣ намудан аз баргардонидани қарзи гирифта дар ҳаҷми ниҳоят бузург аз «Амонатбонк» дар муддати 5 сол айбдор карданд. Ин айбномаҳо ба гуноҳҳои дар маълумоти Прокуратураи генералӣ ва Агентии назорати маводи нашъаовар зикршуда, аз ҷумла ташкили гурӯҳҳои ғайриқонунии мусаллаҳ дар ВМКБ, қочоқи маводи нашъаовар, сангҳои қиматбаҳо, маҳслуоти тамоку, даст доштани Толиб Айёмбеков ба куштори сардори Раёсати КДАМ дар ВМКБ генерал-майор Абдулло Назаров зам шуданд.

Дар бораи айбдории собиқ қумондонҳо ба саркашӣ аз пардохти қарз ба «Амонатбонк» моҳи августи соли 2012 бо истинод ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҶТ дар сомонаи сафоратхонаи Тоҷикистон дар Қирғизистон хабар дода шуда буд. Дар маълумот зикр гардида буд, ки чанд сол қабл Т.Айёмбеков ва Ё.Мамадасламов аз БДА «Амонатбонк» қарз гирифта, муддати чандин сол аз баргардонидани маблағи қарз ва фоизҳои он саркашӣ мекунанд.

Ба гуфтаи Нурмаҳмадзода, қарзи умумӣ дар назди «Амонатбонк» 44 млн. сомониро ташкил дода, нимсолаи аввал ҳудуди 10 млн. сомониаш баргардонида шудааст. «Мо ба корҳои баргардонидани қарзҳо, ки ба даромаднокии бонк таъсири манфӣ мегузоранд, идома мебахшем», – афзуд раиси Раёсати «Амонатбонк».

spot_imgspot_img

Популярное