ҲХДТ сафари волидайни сарбозони Суғд ба минтақаи ҷанубро ташкил кард



Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар ташкили сафари як гурӯҳи волидайни сарбозону афсарон аз вилояти Суғд ба вилояти Хатлон ва шаҳри Душанбе саҳмгузорӣ намуд. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ Фаридан Маҳмадалиев хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ, падару модарон аз минтақаи шимоли кишвар, ки фарзандонашон дар пойтахт адои хизмати ҳарбӣ мекунанд, нахуст аз гарнизони шаҳри Душанбе боздид намуда, онҳоро бо мусиқии оркестр пешвоз гирифтаанд. «Падару модарон бо шароити зист ва хизмати фарзандони худ аз наздик шинос шуда, бо ҳайати фармондеҳии қисмҳои низомӣ суҳбат карданд», – иброз дошт ӯ.

Зимнан зикр гардид, ки гурӯҳи падару модарони сарбозону афсарон аз вилояти Суғд ҳамчунин аз қисмҳои низомии гарнизони вилояти Хатлон низ боздид намуда, бо шароити зисту хизмати фарзандонашон ошно гардидаанд.

spot_imgspot_img

Популярное