Александр Содиқов аз СИЗО озод карда шуд



Муҳаққиқи ҷавони тоҷик Александр Содиқов, ки як моҳ қабл дар шаҳри Хоруғ ба гумони ҷосусӣ боздошт шуда буд, бо забонхати тарк накардани маҳалли зист аз тавқифгоҳи муваққатӣ (СИЗО)-и КДАМ Тоҷикистон озод карда шуд. Айни замон ӯ ҳамроҳи ҳамсар ва духтарчааш дар манзили зисташ қарор дорад.

Александр Содиқов тариқи телефон ба «Азия-Плюс» хабар дод, ки шоми 22-юми июл аз тавқифгоҳ озод карда шудааст. Тафтиш аз рӯи парвандаи ӯ то ҳол идома дорад. Номбурда изҳори умедворӣ намуд, ки дар фурсати наздиктарин мақомоти ҳифзи ҳуқуқ тамоми ҳолатҳои қазияи мазкурро мушахаас хоҳанд кард.

spot_imgspot_img

Популярное