Шӯрои Папаи Рим доир ба ҳамкориҳои байни динӣ мардуми Тоҷикистонро бо иди шарифи Рамазон табрик кард.
Дар паёми намояндаи сафоратхонаи Ватикан дар ҶТ О.Педро Лопез дар ин робита зикр мегардад:
«Муҳтарам бародарон ва хоҳарони мусулмон! Барои мо мояи хурсандӣ ва ифтихор аст , ки шуморо ба муносибати «Ид ал- Фитр» ва ба итмом расидани моҳи шарифи Рамазон, ки ба рӯзаву намоз, кирдори нек, пиндори нек ва ёрӣ ба ниёзмандон бахшида шуда буд, самимона табрику таҳният гӯем.
Дар соли сипаришуда, ки он оғози фаъолияти хидматии Папаи Рим Франсиск буд, ба унвонии шумо шахсан номаи табрикотӣ ба муносибати «Ид ал-Фитр» фиристода буданд. Инчунин чанде муқаддам шуморо ҳамчун «бародарони мо» таҳният карда буданд ( Дуои «Ангелус», 11 августи соли 2013). Ҳамаи моён маънои ин суханонро дарк ва эътироф мекунем. Ҳақиқатан, насрониҳо ва мусулмонон бародарон ва хоҳарони оилаи ягонаи инсонӣ мебошанд, ки он офаридаи Худои Ягона аст.
Дар инҷо бамаврид аст суханони Папа Иоанн Павели II-ро, ки соли 1982 ба иддае аз пешвоёни динии олами ислом равона карда буданд, ба ёд орем: «Ҳамаи мо, насрониён ва мусулмонон, дар зери нури Худои Яккаву Ягона ва Раҳмону Раҳим зиндагӣ мекунем. Мо ҳама ба Худои Ягона – холиқи Одам имон дорем. Мо дар ҳақиқат, Худои Рабулоламинро эътироф намуда, мақому манзалати инсон – бандаи Худоро ҳимоят мекунем. Мо ба Худо эътиқоду ибодат намуда, тақводори комили Ӯ мебошем. Аз ин лиҳоз, метавонем якдигарро бародару хоҳар хонем, танҳо ба хотири боварӣ доштан ба Худованди Яккаву Ягона». ( Кадуна, Нигерия, 14 феврали соли 1982).
Бо назардошти тафовутҳоямон, мо Худои Ягонаро барои ҳамаи он умумиятҳое, ки мо дорем, сипосгузорем. Аҳамияти инкишоф ва идома додани гуфтугӯи пурмаҳсулро дар пояи эҳтироми ҳамдигарӣ ва дӯстӣ эътироф менамоем. Аз арзишҳои эътирофшудаи тарафайн рӯҳбаланд гардида, бо эҳсоси баланди бародарии ҳақиқӣ қавӣ шуда, мо якҷоя ба хотири адолати ҷаҳонӣ, сулҳу салоҳ, эҳтироми ҳуқуқ ва шаъну эътибори ҳар як инсон бояд заҳмат кашем. Мо барои ниёзмандони зиёд: камбағалон, бенавоён, беморон, ятимон, муҳоҷирон, қурбониёни хариду фурӯши инсон ва ҳамаи онҳое, ки аз намудҳои гуногуни вазъияти ғуломӣ ҷабр дидаанд, масъулияти хосе эҳсос менамоем.
Ба ҳама маълум аст, ки ҷаҳони муосир ба даъватҳои ҷиддие, ки ҳамдилии ҳамаи одамони некиродаро талаб мекунад, бояд ҷавоб диҳад. Аз қабили ҳамин гуна даъватҳо хатар ба муҳити зист , буҳрони иқтисодии ҷаҳонӣ, сатҳи баланди бекорӣ, махсусан бекорӣ дар байни ҷавонон, даъватҳои асосӣ мебошанд. Ин гуна вазъиятҳо эҳсоси бечорагиро ба вуҷуд оварда, умедро ба ояндаи нек маҳрум месозанд. Мо инчунин бояд дар бораи мушкилоти оилаҳои аз ҳамдигар ҷудогардида, махсусан, оилаҳои аз кӯдакони хурд ҷудошударо дар хотир дошта бошем.
Аз ин рӯ, биёед якҷоя меҳнат карда, купрӯкҳои сулҳро бунёд созем ва барои вуқӯъи якдигарфаҳмӣ, хусусан дар манотиқе, ки насрониҳо ва мусулмонон якҷоя аз даҳшати ҷанг азоб мекашанд, мусоидат намоем.
Бигзор дӯстии мо ҳамеша барои ҳамкорӣ ва ҳалли боҳикмату одилонаи ин даъватҳои бешумор роҳнамо бошад. Ҳамин тавр, танҳо бо ҳамин роҳ, барои паст намудани шиддатҳо ва ҳалли ихтилофҳо метавонем мусоидат намуда, барои инкишофи некӯаҳволии умум ҳиссагузор бошем. Дар айни замон, мо ба ҷахониён нишон медиҳем, ки дин метавонад сарчашмаи ҳусни тафоҳум ба манфиати тамоми ҷомеа бошад.
Барои он ки сулҳу салоҳ, адолат, осоиштагиву рушду нумӯъ дархостҳои аввалиндараҷаи мо барои некӯаҳволии тамоми башарият бошанд, даст ба дуо боло мекунем».



