Ҳукумат ҷиҳати «наҷот»-и «ТАЛКО» тадбир меандешад

Заррина Эргашева



Зимни нишасти хабарии имрӯза муовини аввали вазири рушди иқтисод ва савдои ҶТ Неъматҷон Бӯриев изҳор намуд, ки дар Корхонаи алюминии Тоҷикистон (ТАЛКО) ҳаҷми истеҳсоли алюминии аввалия ба таври назаррас коҳиш ёфта, нимсолаи аввали соли ҷорӣ ҳаҷми истеҳсоли он 63,9 ҳазор тоннаро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 45,7% камтар мебошад.

Ба гуфтаи Бӯриев, ҳукумат аз вазъи молиявӣ ва истеҳсолоти «ТАЛКО» нигарон буда, лоиҳаи қарори ҳукумат оид ба нақшаи амали ҳукумат ва тадбирҳои дастгирии корхона таҳия шуда, дар вазорат умедворанд, ки ин санад қабул хоҳад шуд.

«Ин маҷмӯи тадбирҳои тадорукотӣ, сармоягузорӣ ва техникӣ буда, ҳамчунин дар он масъалаи сарфаи барқ ба инобат гирифта мешавад. Ман бар ин назарам, ки ин маҷмӯи тадбирҳо ба ислоҳи вазъ имкон медиҳад, вале набояд фаромӯш кард, ки вазъ дар ин корхона ба нишондиҳандаҳо дар бозори ҷаҳонӣ вобаста аст. Дар баробари коҳиши нархи алюминий дар бозори ҷаҳонӣ, талабот низ ба он кам мешавад», – иброз дошт ӯ.

Бино ба маълумолти зикргардида дар нишасти хабарӣ, ҳиссаи алюминий ва нахи пахта дар ҳаҷми умумии содирот ба таври қобили мулоҳиза коҳиш ёфта, дар маҷмӯъ 32%-ро ташкил медиҳад.

Қобили зикр аст, ки соли 2012 ҳиссаи алюминий ва нахи пахта дар ҳаҷми умумии содироти маҳсулоти Тоҷикистон хеле бузург буда, 59,2%-ро ташкил медод, ки 40,6%-и онро алюминий ва маснӯоти он ва 18,6%-и онро нахи пахта ва маҳсулоти он ташкил медод.

Арзиши миёнаи алюминий дар бозорҳои ҷаҳонӣ аз 2 ҳазору 16 $ барои 1 тонна дар соли 2012, то 1 ҳазору 830 $ дар соли 2013 поин рафт. Имрӯз арзиши 1 тонна алюминий дар бозорҳои ҷаҳонӣ 1 ҳазору 979 доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.

Соли 2013 низ ҳаҷми истеҳсоли алюминии аввалия дар Ширкати алюминии Тоҷикистон (ТАЛКО) дар муқоиса бо соли 2012 ба миқдори 20,6% коҳиш ёфта, 216,4 ҳазор тоннаро ташкл дод, ки 197 ҳазор тоннааш ба хориҷи кишвар содирот шуд.

Бино ба маълумоти пешакии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, соли равон истеҳсоли алюминии аввалия дар Тоҷикистон коҳиш ёфта, 150 ҳазор тоннаро ташкил хоҳад дод.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...