Кумитаи забон саводнокии ВАО-и тоҷикро месанҷад

Кумитаи забон ва истилоҳоти назди ҳукумати ҷумҳурӣ дурустии истифодаи забони давлатӣ дар васоити ахбори умуми Тоҷикистонро мавриди санҷиш қарор медиҳад. Зимни нишасти хабарии имрӯза дар посух ба савол бобати ҷавобгӯ будани забони ВАО ба талаботи қонун «Дар бораи забони давлатии Тоҷикистон», раиси Кумитаи мазкур Гавҳар Шарофзода посух дод, ки «алҳол кумита ин масъаларо дар ВАО-и […]



Кумитаи забон ва истилоҳоти назди ҳукумати ҷумҳурӣ дурустии истифодаи забони давлатӣ дар васоити ахбори умуми Тоҷикистонро мавриди санҷиш қарор медиҳад.

Зимни нишасти хабарии имрӯза дар посух ба савол бобати ҷавобгӯ будани забони ВАО ба талаботи қонун «Дар бораи забони давлатии Тоҷикистон», раиси Кумитаи мазкур Гавҳар Шарофзода посух дод, ки «алҳол кумита ин масъаларо дар ВАО-и маҳаллӣ насанҷидааст».

«Нимсолаи дуюми соли равон Кумита ба санҷиши ВАО, аз ҷумла радио ва телевизион оғоз мекунад. Аксари рекламаҳо бо забони русӣ садо медиҳанд, ки мухолифи меъёрҳои қонун аст. Мо санҷиш гузаронида, тағйироту илова дар фаъолияти онҳоро пешниҳод мекунем», – қайд кард Шарофзода.

Ба гуфтаи ӯ, ҷиҳати роҳ надодан ба иштибоҳот дар реклама ва ҳамчунин дигар самтҳои фаъолият, танҳо ширкати алоқаи мобилии Tcell бо кумита ҳамкорӣ мекунад. «Ҳатто қабл аз ирсоли смс-паёмаки табрикотӣ ё смс-паёмак оид ба эълони аксия барои муштариён, кормандони ширкат ҷиҳати санҷиши дурустии навишти матн ба мо муроҷиат менамоянд», – зикр кард раиси Кумита.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Ҳама паси ободӣ ва зиндагии худ ҳастанд”. Тасвири вазъи Эрон аз забони мусофирони аввалин парвози Теҳрон – Душанбе пас аз ҷанг

Бо сабаби мушкили дастрасӣ ба интернет ва тамос бо хориҷа, шароиту рӯзгори воқеии эрониён барои расонаҳо норӯшан буд.

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.