Коҳиши равуои воситаи нақлиёт байни Хатлон ва Афғонистон

Сайраҳмон Назриев



Равуои воситаҳои нақлиёт байни вилояти Хатлону Ҷумҳурии Исломии Афғонистон коҳиш ёфтааст.

Бино ба гуфти муовини сардори раёсати гумруки вилояти Хатлон Исроил Шафиев, нимсолаи аввали соли равон шумори равуои воситаҳои нақлиёт ба воситаи сарҳади давлатӣ бо Афғонистон 21 ҳазору 856 ададро ташкил додаст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 8 ҳазору 116 адад камтар аст.

Ин масъули раёсати гумруки вилояти Хатлон мегӯяд, аз ин миқдор 10 ҳазору 374 адад мошинҳои боркаш аз қаламрави кишвар ба хориҷ рафта, 10 ҳазору 764 адад ба кишвар ворид шудааст. «Ҳамчунин 353 адад воситаи нақлиёти сабукрав  берун рафта, 365 адад ворид шуд», – иброз дошт ӯ.

Шафиев зикр кард, ки дар ин давра аз тариқи дидбонгоҳҳои гумрукӣ ба вилояти Хатлон 45 ҳазору 844 тонна маҳсулоти кишоварзӣ бо арзиши 10 миллион доллари амрикоӣ ворид шудааст.

«Дар давраи ҳисоботӣ гардиши умумии моли тиҷорати хориҷӣ дар минтақаи гумрукии вилоят 143,8 миллион сомониро ташкил дод, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 27,4 миллион доллари амрикоӣ  ё худ 16%  камтар аст», – қайд кард ӯ.

Зимнан зикр гардид, ки дар зарфи 6 моҳи соли ҷорӣ гумрукчиёни Хатлон ба буҷети давлат 121 миллиону 575,7 ҳазор сомонӣ мабалғ ворид кардаанд, ки 108%-и нақшаи пешбинишударо ташкил додааст ва нисбати шашмоҳаи соли гузашта 11,5 миллион сомонӣи зиёд мебошад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...