Коҳиши равуои воситаи нақлиёт байни Хатлон ва Афғонистон

Равуои воситаҳои нақлиёт байни вилояти Хатлону Ҷумҳурии Исломии Афғонистон коҳиш ёфтааст. Бино ба гуфти муовини сардори раёсати гумруки вилояти Хатлон Исроил Шафиев, нимсолаи аввали соли равон шумори равуои воситаҳои нақлиёт ба воситаи сарҳади давлатӣ бо Афғонистон 21 ҳазору 856 ададро ташкил додаст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 8 ҳазору 116 адад камтар аст. […]

Сайраҳмон Назриев, махсус барои asia+



Равуои воситаҳои нақлиёт байни вилояти Хатлону Ҷумҳурии Исломии Афғонистон коҳиш ёфтааст.

Бино ба гуфти муовини сардори раёсати гумруки вилояти Хатлон Исроил Шафиев, нимсолаи аввали соли равон шумори равуои воситаҳои нақлиёт ба воситаи сарҳади давлатӣ бо Афғонистон 21 ҳазору 856 ададро ташкил додаст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 8 ҳазору 116 адад камтар аст.

Ин масъули раёсати гумруки вилояти Хатлон мегӯяд, аз ин миқдор 10 ҳазору 374 адад мошинҳои боркаш аз қаламрави кишвар ба хориҷ рафта, 10 ҳазору 764 адад ба кишвар ворид шудааст. «Ҳамчунин 353 адад воситаи нақлиёти сабукрав  берун рафта, 365 адад ворид шуд», – иброз дошт ӯ.

Шафиев зикр кард, ки дар ин давра аз тариқи дидбонгоҳҳои гумрукӣ ба вилояти Хатлон 45 ҳазору 844 тонна маҳсулоти кишоварзӣ бо арзиши 10 миллион доллари амрикоӣ ворид шудааст.

«Дар давраи ҳисоботӣ гардиши умумии моли тиҷорати хориҷӣ дар минтақаи гумрукии вилоят 143,8 миллион сомониро ташкил дод, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 27,4 миллион доллари амрикоӣ  ё худ 16%  камтар аст», – қайд кард ӯ.

Зимнан зикр гардид, ки дар зарфи 6 моҳи соли ҷорӣ гумрукчиёни Хатлон ба буҷети давлат 121 миллиону 575,7 ҳазор сомонӣ мабалғ ворид кардаанд, ки 108%-и нақшаи пешбинишударо ташкил додааст ва нисбати шашмоҳаи соли гузашта 11,5 миллион сомонӣи зиёд мебошад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Ҳама паси ободӣ ва зиндагии худ ҳастанд”. Тасвири вазъи Эрон аз забони мусофирони аввалин парвози Теҳрон – Душанбе пас аз ҷанг

Бо сабаби мушкили дастрасӣ ба интернет ва тамос бо хориҷа, шароиту рӯзгори воқеии эрониён барои расонаҳо норӯшан буд.

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.