Тағйироти кадрӣ дар сохтори ҳукумати ҷумҳурӣ

ASIA-Plus



Нимаи дуюми рӯзи 29-уми июл таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар оғози маҷлиси Ҳукумат масъалаи кадрҳо баррасӣ шуд. Зимни он аъзои нави ҳайати мушовараи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Вазорати саноат ва технологияҳои нав, Вазорати фарҳанг, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ тасдиқ карда шуд.

Маҳмад Сафаров аз вазифаи Директори Муассисаи давлатии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шуда, ба ҷойи ӯ Ҳомид Расулов ба ин мансаб таъин гардид.

Раҷаб Саодатов аз вазифаи Муовини Директори Агентии таъмини амволи махсус озод карда шуда, муовини якуми роҳбари ҳамин агентӣ таъин гардид.

Ибодулло Зардов Муовини Директори Агентии таъмини амволи махсус ва Раҳмон Умаров Директори Корхонаи воҳиди давлатии “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул”-и Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шуданд.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хизмати дипломатӣ” ва тағйиру иловаҳо ба қонун “Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон” маъқул дониста шуда, ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуд. Ба баррасии палатаи поёнии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин хулосаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба қонунҳо “Дар бораи ӯҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ” ва “Дар бораи реклама” пешниҳод гардид.

Барномаи рушди хоҷагии манзилию коммуналӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи солҳои 2014-2018, Консепсияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба солимгардонии маҳфузгоҳҳои партовҳои коркарди маъдани уран барои солҳои 2014-2024, Кадастри давлатии маҳфузгоҳҳои партовҳои радиоактивӣ, Феҳристи давлатии партовҳои радиоактивӣ, Тартиби ташкил ва гузарондани арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист ва Номгӯйи ҳудудҳои минтақаҳои кӯҳии дорои шароити хосаи табиӣ тасдиқ карда шуд.

Ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат 60,61 га замин барои бунёди маҳаллаҳои истиқоматӣ бо биноҳои бисёрошёна ва иншооти иҷтимоӣ ва ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд 330,15 га барои додани қитъаҳои наздиҳавлигӣ ба 1933 оилаи ниёзманди ин ноҳия ҷудо карда шуд.

Дар охири маҷлис Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи масъулинро ба омодагӣ ба зимистон ҷалб намуда, дар назди онҳо вазифаҳои мушаххас гузошт.

Супоришҳо доир ба иҷрои нақшаи кишти такрорӣ дар заминҳои обӣ низ дода шуд. Таваҷҷуҳи зиёд ҳамчунин ба омодагӣ ба соли нави таҳсил ва дигар масъалаҳои ҳалталаб зоҳир карда шуд. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо сафари дурӯзаи давлатӣ ба Ӯзбекистон меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзҳои 26 ва 27-уми март...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 марти соли 2026

Аз зодрӯзи Гулчеҳра Иноятова то даргузашти Раҷаб Ҳусейн ва Муҳиддин Хоҷазод.

Доми қарз. Чӣ гуна дар Тоҷикистон метавон қарз гирифт ва баъд пушаймон нашуд?

Шарҳ медиҳем, ки шумо ба чӣ гуна хавфҳо дучор шуда метавонед ва бароятон ҷиҳати огоҳона қарор қабул кардан дар ин бора тавсияҳои одӣ медиҳем.