Коҳиши назарраси камбуди ҳамасолаи барқ дар Тоҷикистон

Камбуди солонаи барқ дар Тоҷикистон тайи солҳои ахир аз 4,5 млрд. то 1,5 млрд. кВт/соат коҳиш ёфт. Сардори хадамоти диспетчерии ширкати Барқи тоҷик Одинамаҳмад Чоршанбиев зимни нишасти хабарӣ дар ин робита гуфт, ин дар навбати аввал ба коҳиши ҳаҷми истифодаи барқ аз ҷониби КВД «Ширкати алюминии Тоҷикистон» вобаста буда, солҳои охир ТАЛКО ҳаҷми истифодаи барқро […]



Камбуди солонаи барқ дар Тоҷикистон тайи солҳои ахир аз 4,5 млрд. то 1,5 млрд. кВт/соат коҳиш ёфт.

Сардори хадамоти диспетчерии ширкати Барқи тоҷик Одинамаҳмад Чоршанбиев зимни нишасти хабарӣ дар ин робита гуфт, ин дар навбати аввал ба коҳиши ҳаҷми истифодаи барқ аз ҷониби КВД «Ширкати алюминии Тоҷикистон» вобаста буда, солҳои охир ТАЛКО ҳаҷми истифодаи барқро ба миқдори 60% кам кардааст.

Ғайр аз ин, идома дод Чоршанбиев, тайи солҳои ахир дар ҷумҳурӣ иқтидорҳои нав, аз ҷумла нерӯгоҳҳои Сангтӯда-1 ва Сангтӯда-2, Маркази барқу гармидиҳии Душанбе-2 ва як қатор иқтидорҳои нисбатан камтар ба кор даромаданд, ки ба афзоиши ҳаҷми истеҳсоли барқ ва мутаносибан коҳиши камбуди он мусоидат намуданд.

Намояндаи ширкат таъкид намуд, ки дар баробари ин ҳамасола талабот ба барқ дар Тоҷикистон ба андозаи 16-18% меафзояд. «Масалан, якчанд сол дар Душанбе шабонарӯзӣ 5 млн. кВт/соат нерӯи барқ истифода мешуд. Дар мавсими ахири тирамоҳу зимистон бошад, дар пойтахт шабонарӯзӣ ба ҳисоби миёна 16 млн. кВт/соат барқ масраф мегардид ва ин тамоил дар тамоми манотиқи кишвар ба мушоҳида мерасад», – иброз дошт ӯ.

Зимнан зикр гардид, ки нимсолаи аввали соли равон дар воҳидҳои зертобеъи ширкати «Барқи тоҷик» ҳудуди 6,8 млрд. кВт/соат нерӯи барқ истеҳсол шуда, беш аз 6,7 млрд. кВт/соати он ба нерӯгоҳҳои барқи обӣ ва ҳудуди 84 млн. кВт/соат ба марказҳои барқу гармидиҳӣ рост меоянд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

То +45°C ва баъзан борон меборад: ҳавои моҳи июн дар Тоҷикистон

Дар аксари минтақаҳои Тоҷикистон моҳи июн гарму хушк омада, аммо дар баъзе рӯзҳо борону раъду барқ дар назар аст.

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".