Ғорату оташзании манзили Сурайё Қосимова дар Кӯлоб

Манзили зисти Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Сурайё Қосимоваро дар Кӯлоб ғорат намуда, сипас оташ заданд. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз хадамоти оташнишонӣ хабар дод, хабари оташ гирифтани манзили ҳунарманд соати 2-у 50 дақиқаи шаби 25 ба 26-уми июл ба навбатдор расида, майдони фарогири оташ 1,1 метри мураббаъро ташкил додааст. «Оташ базудӣ хомӯш карда шуда, ба […]



Манзили зисти Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Сурайё Қосимоваро дар Кӯлоб ғорат намуда, сипас оташ заданд.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз хадамоти оташнишонӣ хабар дод, хабари оташ гирифтани манзили ҳунарманд соати 2-у 50 дақиқаи шаби 25 ба 26-уми июл ба навбатдор расида, майдони фарогири оташ 1,1 метри мураббаъро ташкил додааст.

«Оташ базудӣ хомӯш карда шуда, ба андешаи мо, бо оташ задани манзил кӯшиш кардаанд, ки пайи дуздии чизҳои арзишманд ва маблағи пулиро рӯйпӯш намоянд», – иброз дошт манбаъ.

Бино ба иттилои сарчашмаҳои «Азия-Плюс» дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, то соати 15-00-и рӯзи 29-уми июл гунаҳкорони ин ҳодиса ҳанӯз боздошт нашудаанд.

Дар ВКД ҶТ ин маълумотро тасдиқ намуда, зикр карднд, ки ҳунарманд осебе надидааст, вале ҳаҷми зиёни расида аз сӯхтор ҳудуди 80 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Зимнан зикр гардид, ки аз оғози сол дар шаҳру ноҳияи Кӯлоб 16 ҳодисаи сӯхтор ба қайд гирифта шуда, зиёни расида аз онҳо қариб 3,2 млн. сомонӣ арзёбӣ мешавад. Ин ҷо зиёни расида аз сӯхтор дар бозорҳои Кӯлоб шаби 21 ба 22-юми июл ба инобат гирифта нашудааст, зеро ҳисобу китоби зарари он то ҳол идома дорад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.