Оғози татбиқи лоиҳаи идоракунии захираҳои обӣ дар вилояти Суғд

Рӯзи 29-уми июл раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ роҳбари лоиҳаи миллии Идоракунии захираҳои обӣ дар Тоҷикистон Мариан Шиманович ва ҳайати ҳамроҳонашро ба ҳузур пазируфт. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, дар ҷараёни мулоқот масъалаи оғози марҳилаи аввали лоиҳаи мазкур дар вилояти Суғд мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Роҳбари вилоят  амалишавии ин лоиҳаро бо […]



Рӯзи 29-уми июл раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ роҳбари лоиҳаи миллии Идоракунии захираҳои обӣ дар Тоҷикистон Мариан Шиманович ва ҳайати ҳамроҳонашро ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, дар ҷараёни мулоқот масъалаи оғози марҳилаи аввали лоиҳаи мазкур дар вилояти Суғд мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Роҳбари вилоят  амалишавии ин лоиҳаро бо қаноатмандӣ пазируфта  таъкид намуд, ки дар шароити имрузаи минтақа, ки раванди ислоҳоти замин ва ташкили хоҷагиҳои деҳқонии оилавию инфиродӣ идома дорад, таъминот бо оби полезӣ хеле муҳим аст. Зеро дар аксари навоҳии кишоварзӣ хоҷагидорон ба оби полезӣ ба таври кифоягӣ дастрасӣ надоранд ва ин муамморо худи онҳо дар алоҳидагӣ бартараф карда наметавонанд.

Изҳор гардид, ки то имрӯз дар вилоят наздик 30 ҳазор хоҷагии шакли нав ташкил шудааст ва 80 фоизи онҳо аллакай бо сертификат таъмин мебошанд. Барои хоҷагиҳои нав бошад, фароҳам овардани шароти мусоиди фаъолият аз ҳадафҳои асосии мақомоти иҷроия мебошад, ки ташкили ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об ва танзими корбарии захираҳои обӣ барои истифодаи баробар ва самаранок аз ҷумлаи тадбирҳои андешидашуда ба ҳисоб мераванд.

Мариан Шиманович – роҳбари лоиҳаи Идоракунии захираҳои обӣ дар Тоҷикистон барои қабул ва мусоидат дар амаликунии лоиҳа  изҳори сипос кард ва умедворӣ намуд, ки ҳамкории тарафайн дар самти амалисозии лоиҳаи мазкур манфиатнок хоҳад шуд. Лоиҳаи минтақавии идоракунии захираҳои обӣ дар доираи стратегияи швейтсарӣ оид ба ҳамкорӣ имкон медиҳад, ки вазъи таъминоти об бо истифодаи роҳу усулҳои муосиру самаранок дар минтақа беҳтар гардад. Марҳилаи аввали татбиқи лоиҳа, дар ҳамкорӣ бо ташкилоти «Хелветас Свисс Интеркооперейшн» – и Шветсария, Оҷонсии ҳамкории техникӣ ва Оҷонсии олмонӣ оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ роҳандозӣ хоҳад шуд ва доираи фаъолияташ ҳавзаҳои дарёи Сир, аз ҷумла ҳавзаи Оқсу ва ҳавзаи Хоҷабокирғонро дар бар хоҳад гирифт. Банизомдарории захираҳои обӣ дар ин ҳавзаҳо ва автоматикунонии онҳо имкон медиҳад, ки таъминоти об дар чор навоҳӣ – Бобоҷон Ғафуров, Спитамен, Ҷаббор Расулов ва Ғончӣ то андозае ҳалли худро ёбад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.