Дар мавзеи ҳаммарзи Чин бо Тоҷикистон 13 нафар кушта шуданд

Дар вилояти мухтори Синтзян-Уйғури Чин бар асари як ҳамла 13 нафар кушта шуданд. BBC News менависад, ин ҳодиса дар шаҳри Ярканти наздик бо марзи Тоҷикистон рух додааст. Ҳамаи шаҳрвандони ҳалокшудаи Чин аз қавми хонҳо мебошанд, ки гурӯҳи асосии этникӣ дар Чин маҳсуб меёбанд. Нисбат ба мудофиаи кишвар ба мубориза бо душманони дохилӣ Чин бештар маблағ […]



Дар вилояти мухтори Синтзян-Уйғури Чин бар асари як ҳамла 13 нафар кушта шуданд.


BBC News


менависад, ин ҳодиса дар шаҳри Ярканти наздик бо марзи Тоҷикистон рух додааст. Ҳамаи шаҳрвандони ҳалокшудаи Чин аз қавми хонҳо мебошанд, ки гурӯҳи асосии этникӣ дар Чин маҳсуб меёбанд.

Нисбат ба мудофиаи кишвар ба мубориза бо душманони дохилӣ Чин бештар маблағ масраф месозад. Ҷузъиёти ҳодисаи ин ҳамла то ҳол норӯшан аст. Васоити ахбори оммаи Чин дар бораи ин ҳодиса маълумот намедиҳанд. Шояд ин ба он хотир бошад, ки ба бештар ноамн шудани вазъ роҳ дода нашавад.

Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти

NEWSRU.com

, намояндагони ниҳодҳои интизомии маҳаллӣ дар робита ба ин ҳодиса изҳор намудаанд, ки афроди номаълуми мусаллаҳ бо кордҳо ба минтақаи пулис ва муассисаҳои давлатӣ дар яке аз маҳаллаҳои аҳолинишни музофоти Шаче ҳамла овардаанд. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.