ВКД дар бораи сабабҳои сӯхтор дар бозори «Шаҳбоз»-и Кӯлоб

Date:



Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар бораи сабабҳои сар задани

сӯхтор маркази савдои «Шаҳбоз»

-и шаҳри Кӯлоб маълумоти расмӣ интишор намуд.

Дар маълумоти расмӣ зикр мегардад, ки баъди таҳқиқи ҳолатҳои воқеъа аз ҷониби мутахассисони соҳаи оташнишонӣ муайян карда шуд, ки сабаби сар задани сӯхтор вайрон намудани талаботи Қоидаҳои назорати давлатии бехатарӣ аз сӯхтор ҳангоми истифодаи яхдони дохили мағозаи фурӯши маҳсулотҳои хӯрока, роҳбараш Рашид Ризоев мебошад.

«Аз беназорат гузоштани яхдони барқӣ ҳангоми ба қувваи барқ пайваст будан, ки дар натиҷаи аз меъёр барзиёд истифода намудани он, минтақаҳои васлии он корношоям гардида, ба расиши кӯтоҳи ноқилҳои барқӣ оварда расонидааст, сӯхтор сар задаст», – гуфта мешавад дар маълумот.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Раиси Додгоҳи олӣ: “Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ наомадааст”

Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, парвандаи Исматулло Абдуллозода, роҳбари пешини...