Дар Тоҷикистон 8 нерӯгоҳи хурди барқӣ ба истифода дода шуд

Дар доираи амалисозии лоиҳаи «Сохтмони нерӯгоҳҳои хурди барқии обӣ дар манотиқи деҳоти Тоҷикистон» 8 нерӯгоҳи хурди барқӣ бо иқтидори беш аз 6,7 ҳазор кВт мавриди истифода қарор гирифтанд. Тавре ба «Азия-Плюс» аз ширкати «Барқи тоҷик» хабар доданд, лоиҳаи мазкур аз ҳисоби қарзи Бонки исломии рушд амалӣ мегардад. Ба иттилои манбаъ, дар доираи ин лоиҳа дар […]



Дар доираи амалисозии лоиҳаи «Сохтмони нерӯгоҳҳои хурди барқии обӣ дар манотиқи деҳоти Тоҷикистон» 8 нерӯгоҳи хурди барқӣ бо иқтидори беш аз 6,7 ҳазор кВт мавриди истифода қарор гирифтанд.

Тавре ба «Азия-Плюс» аз ширкати «Барқи тоҷик» хабар доданд, лоиҳаи мазкур аз ҳисоби қарзи Бонки исломии рушд амалӣ мегардад.

Ба иттилои манбаъ, дар доираи ин лоиҳа дар ноҳияҳои Айнӣ, Нуробод, Рашт, Тоҷикобод, Ҷиргатол, Балҷувон, Турсунзода ва Шаҳринав нерӯҳои хурди барқӣ сохта шуданд.

«Аз ҷумла нерӯгоҳҳои хурди барқии «Марзич» (бо иқтидори 4,3 ҳазор кВт), «Ширкент» (576 кВт), «Хурма» (180 кВт), «Фатҳобод» (282 кВт), «Питавкӯл» (1,1 ҳазор кВт), «Шашболоӣ» (183 кВт) ва «Сангикар» (1 ҳазор кВт) мавриди баҳрбардорӣ қарор гирифта, то санаи 1-уми июли соли ҷорӣ дар ин нерӯгоҳҳо 11 млн. кВт нерӯи барқ истеҳсол шудааст», – гуфтанд дар ширкат.

Зимнан зикр гардид, ки айни замон 29 нерӯгоҳҳои барқи обӣ дар тавозуни ширкати «Барқи тоҷик» қарор доранд, ки 16-тоашон нерӯгоҳҳои хурд мебошанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.