Шиносоии сарвазир бо ҷараёни сохтмони иншоот дар Суғд

Рӯзи душанбе, 28 июл Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода зимни сафари кории худ ба вилояти Суғд бо ҷараёни сохтмони муассисаҳои гуногун шинос гардид. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, дар ин сафар Сарвазири кишвар Қоҳир Расулзодаро Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ҳамроҳӣ намуд. Боздиди кории Сарвазири ҷумҳурӣ Қоҳир Расулзода ва Раиси вилоят Абдураҳмон […]



Рӯзи душанбе, 28 июл Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода зимни сафари кории худ ба вилояти Суғд бо ҷараёни сохтмони муассисаҳои гуногун шинос гардид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, дар ин сафар Сарвазири кишвар Қоҳир Расулзодаро Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ҳамроҳӣ намуд. Боздиди кории Сарвазири ҷумҳурӣ Қоҳир Расулзода ва Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ аз ҶДММ «Нанотех-М» – и шаҳри Хуҷанд оғоз гардид.

Зимни шиносоӣ таъкид гардид, ки ин корхона расман аз 10 августи  соли равон ба фаъолият шурӯъ менамояд. Дар он масолеҳи сохтмон аз қабили  хишт, плита, экоблок, сафолакҳо барои роҳрав, изобетон ва ғайра истеҳсол карда мешавад. Баъди мавриди истифода қарор додани корхона 100 нафар бо ҷои корӣ  таъмин  мегарданд. Барои таҷҳизонидани корхона ба маблағи 2 миллион доллар техникаҳои муосир ворид карда шудааст.

Дар идомаи сафар Сарвазири ҷумҳурӣ бо ҷараёни сохтмони бинои иловагии МТМУ № 24 – и Ҷамоати деҳоти Ҳайдар Усмони ноҳияи  Бобоҷон Ғафуров шинос шуд. Ҷоизи зикр  аст, ки бинои мактаби мазкур барои 360 нафар хонанда пешбинӣ шуда, ҳамзамон толори варзишӣ барои 100 нафар хонанда сохта мешавад. Бинои иловагӣ аз 2 ошёна  ва 12 синфхона иборат мебошад. Сарвазири  кишвар зимни сӯҳбат масъулинро  вазифадор намуд, ки то муҳлатҳои муқаррар гардида сохтмонро ба анҷом расонанд то ки хонандагони дабистон соли хониши навро дар ин синфхонаҳо оғоз бахшанд.

Сарвазири мамлакат ҳамчунин аз бинои  навбунёди маркази такмили ихтисоси кормандони мақомоти андози Раёсати андоз дар вилояти Суғд дидан намуд.

Бинои мазкур аз се ошёна иборат буда, дар он 60 нафар кормандон фаъолият менамоянд. Маркази  таълимӣ барои баланд бардоштани тахассуси кормандони мақомоти андоз сохта ба истифода дода шудааст.

Сипас Сарвазири кишвар Қоҳир Расулзода ва ҳайати ҳамроҳонаш  бо ҷараёни кори ҶДММ «Элегант», ки дар шаҳри Чкалов воқеъ аст шинос шуданд. Айни замон дар коргоҳи  ороиши сангҳо зиёда аз 100 нафар  ба кор ҷалб карда шудаанд. ҶДММ «Элегант» дар ҳамкорӣ бо ширкати  «Росбазалт»- и Русия ба истеҳсоли нахҳои базалтӣ, ки  аз ҷинсҳои куҳӣ  ба даст оварда  шудааст, машғул мебошад. Нахҳои мазкур барои муътадил нигоҳ доштани гармию хунукӣ  хизмат мекунад. Қоҳир Расулзода ба сифати маҳсулоти истеҳсолшаванда мароқ зоҳир  намуда, дастур дод, ки баҳри афзун намудани ин масолеҳи рақобатпазир тадбирҳои зарурӣ андешида шавад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.