Аслов ва Лавров вазъи Афғонистонро баррасӣ мекунанд

Дар мулоқоти вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров бо ҳамтои тоҷики худ Сироҷиддин Аслов вазъи Афғонистон, масоили рушди тиҷорат ва муҳоҷирати корӣ баррасӣ мешаванд. Соати 14-и имрӯз бо вақти маҳаллӣ Сергей Лавров ба Тоҷикистон меояд. Бино ба маълумоти ИТАР-ТАСС бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Русия, зимни гуфтушунид бо вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон, ки имрӯз […]



Дар мулоқоти вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров бо ҳамтои тоҷики худ Сироҷиддин Аслов вазъи Афғонистон, масоили рушди тиҷорат ва муҳоҷирати корӣ баррасӣ мешаванд. Соати 14-и имрӯз бо вақти маҳаллӣ Сергей Лавров ба Тоҷикистон меояд.

Бино ба маълумоти ИТАР-ТАСС бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Русия, зимни гуфтушунид бо вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон, ки имрӯз доир мегардад, баррасии масоили «густариши минбаъдаи шарикии стратегии бар эътимоди мутақобила ва эҳтироми манфиатҳои ҳамдигарӣ асосёфта» дар назар аст.

Ба иттилои мнабаъ, Лавров ва Аслов оид ба мушкилоти муҳими байнулмилалӣ, аз ҷумла вазъи кунунӣ дар Афғонистон ва таъсири он ба амният дар минтақаи Осиёи Марказӣ табодули назар намуда, ҳамчунин вазъи ҳозираи ҳамкориҳо дар бахшҳои илму фарҳанг, маориф, омӯзиши забони русӣ дар Тоҷикистон ва муҳоҷирати кориро таҳлил мекунанд.

«Муносибатҳои миёни Русия ва Тоҷикистон тамоили густаришро касб намуда, «натиҷаи мавриди амал қарор гирифтани тавофуқоти ҳосилшуда миёни кишварҳо зимни сафари президенти Русия ба Тоҷикистон (октябри соли 2012) ва сафари президенти Тоҷикистон ба Русия (июл-августи соли 2013) мебошанд», – зирк кардаанд дар ВКХ Русия.

Ёдрас мекунем, ки нимаи дуюми имрӯз, 30-юми июл вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров бо

сафари дурӯзаи расмӣ

ба Тоҷикистон меояд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.