Агентии зиддифасод: Қудратовро 10 соли зиндон интизор аст

Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ Абдуфаттоҳ Ғоиб ба гунаҳкор будани адвокат Шуҳрат Қудратов, ки рӯзи 21-уми июл дар Душанбе ба ҳабс гирифта шуд, шубҳа надорад. «Ба аз ҷониби Қудратов содир шудани ҷинояти ба ӯ нисбатдодашуда ман ҳеҷ шубҳае надорам», – гуфт Ғоиб ва зикр кард, ки адвокат бо далели шайъӣ […]



Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ Абдуфаттоҳ Ғоиб ба гунаҳкор будани адвокат Шуҳрат Қудратов, ки рӯзи 21-уми июл дар Душанбе ба ҳабс гирифта шуд, шубҳа надорад.

«Ба аз ҷониби Қудратов содир шудани ҷинояти ба ӯ нисбатдодашуда ман ҳеҷ шубҳае надорам», – гуфт Ғоиб ва зикр кард, ки адвокат бо далели шайъӣ ҳангоми гирифтани пора барои минбаъд ба судя додани он боздошт шудааст.

Ба гуфтаи раҳбари Агентӣ, оид ба гуфтушунидҳои Қудратов дар робита ба додани пора сабтҳои аудиоӣ мавҷуданд, ки баъди як моҳ ҷиҳати шиносии намояндагони ВАО бо он имкон пайдо мешавад.

Абдуфаттоҳи Ғоиб қайд кард, ки ҳангоми кофтуков дар манзили Қудратов дар ҳаҷми 20 ҳазор доллари ИМА маблағҳои пулӣ дарёфт ва мусодира гардида, айни замон сарчашмаҳои ба даст овардани ин маблағҳо ошкор карда мешавад.

Директори Агентии зиддифасод таъкид дошт, ки Қудратовро аз 5 то 10 соли зиндон интизор аст. «Агар гуноҳи Қудратов собит шавад, мутобиқи тағийроти чанде қабл воридшуда ба қонун «Дар бораи адвокатура», пас аз адои муҳлати ҷазо дар зиндон, ӯ аз фаъолияти адвокатӣ барканор мегардад», – афзуд ӯ.

Ёдрас мекунем, ки Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ дар робита ба сабабҳои боздошти адвокат Шуҳрат Қудратов рӯзи 23-юми июл 

маълумоти расмӣ 

интишор намуд.

Сипас Шӯрои сиёсии Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон қарор кард, ки раиси ҳизб, ҳуқуқшинос Раҳматилло Зойиров муовини худ Шуҳрат Қудратовро 

шахсан ҳимоят мекунад

. Раҳматилло Зойиров дар робита ба боздошти ӯ

изҳор намуд,

ки Шуҳрат Қудратов эътироф намудааст, ки аз зерҳимояи худ маблағи пулӣ гирифтааст, вале на барои порадиҳӣ ба судя.

Баъдан ташкилотҳои ҷамъиятии Тоҷикистон, намояндагони иттиҳодияҳои адвокатӣ, ҳамчунин аъзои Эътилофи созмонҳои ҷамъиятии зидди шиканҷа дар Тоҷикистон дар робита ба боздошти адвокат Шуҳрат Қудратов 

изҳорот пахш намуда,

 аз ҳукуматдорони Тоҷикистон даъват карданд, ки парвандахои Ш.Қудратов ва Ф.Зокиров мунсифонаву беғараз баррасӣ карда шаванд.

Рӯзи 25 июл адвокат Шуҳрат Қудратов аз боздоштгоҳи тафтишотии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ба тавқифгоҳи муваққатӣ (СИЗО) гузаронида шуд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.