Баррасии масъалаи дастрасӣ ба маълумот дар сохтори ислоҳии Тоҷикистон

Дар кори мизи гирди имрӯза дар Душанбе масъалаи дастрасӣ ба маълумот дар сохтори ислоҳии Тоҷикистон баррасӣ мешавад. Бино ба маълумоти намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон, мақсади асосии чорабинии мазкур муаррифии натиҷаҳои аввалини таҳқиқот доир ба «Дастрасӣ ба таҳсилот ва мавҷудияти имконияти таълими маҳкумшудагони калонсол дар системаи иҷрои ҷазои ҷиноӣ (ИҶҶ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба аҳли […]

ASIA-Plus



Дар кори мизи гирди имрӯза дар Душанбе масъалаи дастрасӣ ба маълумот дар сохтори ислоҳии Тоҷикистон баррасӣ мешавад.

Бино ба маълумоти намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон, мақсади асосии чорабинии мазкур муаррифии натиҷаҳои аввалини таҳқиқот доир ба «Дастрасӣ ба таҳсилот ва мавҷудияти имконияти таълими маҳкумшудагони калонсол дар системаи иҷрои ҷазои ҷиноӣ (ИҶҶ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба аҳли ҷомеа буда, таҳқиқоти мазкур суоли мавҷуд будани таълимот, сифат ва дастрасии он дар системаи ислоҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони муосирро дар худ ҷо кардааст.

«Таълимоти маҳкумшудагон бояд ба он равона шуда бошад, ки баъд аз ҷойҳои маҳрумият озод гашта онҳо ҳамчун шаҳрванди солим ва дорои маълумоту малакаи корӣ дар ҷомеаи муосир зиндагӣ карда тавонанд, – омадааст дар маълуомти намояндагӣ. — Вазифаи таҳқиқоти мазкур аз омӯзиши заминаҳои мавҷудаи меъёриву ҳуқуқӣ, ҳамчунин таҷрибаи дар амал татбиқнамоии онҳо доир ба ҳуқуқи маҳкумшудагон ба таҳсилот, дастрасӣ ва мавҷудияти он дар системаи ИҶҶ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат аст».

Дар ҷараёни кори мизи гирд ҳамчунин баррасии масоили самтҳои муҳимтарини такмили қонунгузорӣ дар бахши иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ва мувофиқи имкон ҳарчи наздиктар кардани он ба меъёр ва таҷрибаҳои эъттрофшудаи байнулмилалӣ, такмили фаъолияти мақомоти низоми иҷрои ҷазои ҷиноятӣ бо мақсади таҷдиди низоми таълими маҳкумшудагон тариқи ҳамкорӣ бо муассисаҳои ислоҳии кишварҳои хориҷӣ, олимон ва коршиносон ва фароҳам овардани шароит барои таъмини кафолати ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандони дар муассисаҳои ислоҳӣ қарордошта дар назар аст.

Гуфта мешавад, дар кори мизи гирд намояндагони сохторҳои давлатӣ, созмонҳои байнулмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ВАО ва доираҳои илмии Тоҷикистон ва ҳамчунин Ваколатдор оид ба ҳуқуқи иносни ҶТ ва коршиносони мустақил дар соҳаи баробарҳуқуқии занону мардон ширкат меварзанд.

Мизи мудаввар дар доираи лоиҳаи «Ҳуқуқҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва фарҳангии маҳкумшудагон ва собиқ маҳкумшудагон дар Тоҷикистон» гузаронда мешавад, ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо ва Вазорати федеролии ҳамкории иқтисодӣ ва рушди Олмон маблағгузорӣ шуда, аз тарафи Намояндагии Институти ҳамкории байналмилалии Ассотсиатсияи донишгоҳҳои мардумии Олмон (DVV International) дар Тоҷикистон амалӣ мегардад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.

Гузориш аз оромгоҳи Имом Бухорӣ – муҳаддис ва муаллифи китоби “Саҳеҳи Бухорӣ”

Китоби ин донишманди маъруф дар олами Ислом пас аз Қуръон аз мӯътабартаринҳо дониста мешавад.

Боздошти марде дар Хатлон бо гумони таҷовуз ва қатли як ноболиғи даҳсола

ВКД мегӯяд, ин мард ҳангоми аз мактаб баргаштани ноболиғ ӯро “дар ҷойи беодам” таҷовуз ва пасон бӯғӣ кардааст.

Равуои мошинҳои гаронвазн дар роҳҳо маҳдуд мегардад. Дар кадом роҳҳо ва то чӣ қадар вазн иҷоза дода намешавад?

Вазорати нақлиёт мегӯяд, ин иқдом бо мақсади пешгирии вайроншавии роҳҳо роҳандозӣ мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 82

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон Ҷоми Осиёро бо пирӯзӣ оғоз кард

Ва ҷиҳати роҳ ёфтан ба марҳилаи дигар қадами аввал гузошт.