Glencore дар навсозии технологии «ТАЛКО» саҳм гузоштанист

ASIA-Plus



Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон роҳбари ширкати Гленкоае АГ (Glencore International AG )–и корпоратсияи фаромиллии Гленкор аз давлатҳои Швейтсария ва Инглистон Эндрю Капланро ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар мулоқот масоили ҳамкорӣ барои истеҳсоли алюминии аввалия, коркарди минбаъдаи саноатӣ, тиҷорати байналмилалии он ва дар соҳаи саноати кӯҳкорӣ баррасӣ шуда, зикр гардид, ки ширкати Гленкоае АГ тасмим дорад, ки дар навсозии технологии КВД “Ширкати алюминийи Тоҷик” (ТАЛКО) саҳмгузор шуда, иқтидори истеҳсолии онро барқарор созад.

Корпоратсияи фаромиллии Гленкор ва ширкатҳои фаръии он ҳамчунин тасмим доранд, ки дар кори ба истихроҷ ва коркарди ашёи хоми ватанӣ гузарондани КВД “Ширкати алюминийи Тоҷик” фаъолона иштирок намоянд.

Корпоратсияи фаромиллии Гленкор инчунин иштирокдори фаъоли тендери байналмилалӣ барои кор дар Кони Мансур буда, азм дорад, ки дар истихроҷу коркарди захираҳои фаровони нуқра, мис ва дигар маъданҳои Тоҷикистон саҳм гузорад.

Қобили зикр аст, ки корпоратсияи Глинкор бо КВД “Ширкати алюминийи Тоҷик” аз соли 2007 ба ин сӯй ҳамкорӣ дорад ва кунун роҳбарияти он тасмим гирифтааст, ки доираи фаъолияти худро дар Тоҷикистон тавсиа бахшад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.